“Ваколатдорони расонаҳо (медиа-омбудсменҳо) бояд инъикоси воқеӣ ва беғаразонаи рӯйдодҳо дар ВАО, инчунин риояи одобу ахлоқи рӯзноманигориро пайгирӣ кунанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев.

Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди ваколатдорони расонаҳо бо мусоидати ташкилоти байнулмилалии Internews Network дар Тоҷикистон таъсис ёфта, айни замон ваколатдорони расонаҳо дар 6 ВАО-и маҳаллӣ - ТВ "Азия", ТВ «СМ-1» (вилояти Суғд), ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Самак», Маркази тадқиқоти журналистӣ ва хабаргузории “СогдНьюс» кор мекунанд.

Қаршибоев таъкид дошт, ки ваколатдорони расонаҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба интихоби мавзӯъ барои мақола ё монеъа шудан ба нашри он дахолат кунанд.

Шамсулло Фозилов, Гулнора Амиршоева ва  Азамхон Акбаров нахустин ваколатдорони расонаҳои Тоҷикистон шуданд.

Нуриддин Қаршибоев бар ин назар аст, ки инъикоси воқеӣ ва беғаразонаи рӯйдодҳо, инчунин риояи ахлоқи журналистӣ ба даъвоҳои судии мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбати ВАО имкон намедиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.