Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 4 июн ба 4 ҳазору 289 нафар расид: давоми як шабонарӯз 98 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.

Шшабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи фавти бемор аз коронавирус сабт нашуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия чун пешина 48 нафар боқӣ мемонад.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 4 июн 1418 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 202 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба имрӯз 2 ҳазору 401 (56%) нафарро ташкил медиҳад.

Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Дар ҳамин ҳол, рӯйхати фавтидагон аз коронавирус дар торнамои kvtj.info навсозӣ ва зиёдтар мешавад.

То имрӯз дар рӯйхати сомона 410 нафар зикр шудаанд. Акнун ба ғайр аз маълумот дар бораи шахсият, синнусол, ҷойи кор, макони зист, рӯзи марги ин одамон ва манбае, ки аз фавти онҳо хабар додааст, сатре илова шудааст, ки дар он гуфта мешавад, ин далаели тасдиқшуда мебошад ё он мавриди санҷиш қарор дорад.

Аксари ному насабҳо аз ҷониби дастандаркорон (модераторон) тасдиқ карда шудааст.

Дар рӯйхат бо ранги гулобӣ ному насаби 58 нафар кормандони тиббии аз COVID-19 фавтида низ оварда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.