Бар зидди пандемияи коронавирус на танҳо мақомотҳои расмии кишварҳои гуногун мубориза мебаранд, ҳатто шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ низ ба ин маърака пайваст шуданд ва бо коронавирус ва корбарони “тарсафкан”- и худ ба истилоҳ “ҷанг” эълон карданд.

Facebook маводҳои “ҳамадон”- ҳоро ҳазф мекунад

Яке аз шабакаҳои иҷтимоии маъруф Facebook, ки зиёда аз 1,5 милиард корбар дорад, охири моҳи январи соли 2020 дар изҳороти худ гуфт, ҳама маълумотҳо ва паёмҳои “фейкӣ” ё бардурӯғро дар бораи коронавирусро бидуни огоҳии корбарон ҳазф мекунад. Дар изҳорот омадааст, ки алалхус маводҳои дурӯғин, ки гӯё барои пешгирии коронавирус аз тарафи тарғибгарони “шарлатан” (шахсоне, ки худро ҳамадон мегиранд) паҳн мегарданд, ҳазф мешаванд. 

“Дар қатори онҳо, боз маводҳое, ки ба ҳақиқат наздикӣ надоранд ва роҳҳои худтабобатӣ ва пешгирӣ, масалан, тасдиқи он, ки гӯё бо нӯшидани маводҳои “отбеливател” (сафедкунанда) аз коронавирус раҳоӣ меёбанд ва ё изҳоротҳои гуногуни марбут ба саломатӣ, ки мардумро ба роҳгумӣ мебаранд, ҳазф карда мешаванд”,- гуфта буд сардори шӯъбаи тандурустии Facebook Кан Син Чжун.

YouTube дурӯғпароканҳоро ҳазф мекунад

Видеоплатформаи маъруфи YouTube, ки шумораи корбаронаш аз 1,3 миллиард зиёд мебошад, ба паҳншавии маълумоти бардурӯғ вобаста ба коронавирус мубориза мебарад. Портал нашри видеоҳои вобаста ба коронавирус, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари ҷиддӣ дорад ва тавсияҳои бардурӯғ ва роҳҳои табобат аз онро манъ кардааст.

Акнун шумо дар YouTube видеоҳои дорои хусусияти зерин бударо намебинед:

  • Маводҳое, ки вуҷуди коронавирусро инкор мекунанд:
  • Тасдиқи он, ки одамони мансубияти миллат ё нажоди гуногун аз коронавирус эмин мемонанд:
  • Иддаои он, ки нигоҳ доштани нафас озмоиши боэътимоди мавҷудияти коронавирус мебошад.
  • Видеоҳое, ки дар онҳо даъват карда мешавад, то аз хӯрокҳои осиёӣ парҳез карда шавад, чун пас аз каме гирифтори коронавирус мегарданд.
  • Видео, ки дар он гуфта мешавад, ки таввассути сар додани мушакҳо, метавон ҳаворо аз коронавирус тоза кард.
  • Иддаоҳое, ки COVID-19 аз радиатсияи шабакаи 5G ба вуҷуд омадааст;
  • Видеоҳое, ки мегӯянд ҳангоми санҷиши тестии COVID-19  ба ин беморӣ гирифтор шудан мумкин аст;
  • Видеоҳои дорои - ин беморӣ дар кишварҳои иқлимимашон гарм паҳн намешавад;
  • Видеоҳое ки дар онҳо чораҳои муфиди пешгирии коронавирус будани нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ ва “самоизоляция” инкор карда мешаванд.

YouTube инчунин корбаронро огоҳ мекунад, ки барои нақзи якумбораи қоидаиҳои мазкур ба корбар огоҳӣ дода мешавад ва дар сурати чорумбора такрор кардани қоидавайронкунӣ корбарро аз портал ҳазф мекунад.

Ҷанги WhatsApp бо коронавирус 

WhatsApp якҷоя бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Юнисеф ва Барномаи рушди СММ саҳифаи иттилотии муштарак боз кард. Саҳифаи махсуси иттилоотӣ дорои маълумоти умумӣ оид  коронавирус, маслиҳатҳо барои пешгирӣ аз ин беморӣ ва мубориза бо иттилоотӣ бардурӯғ ва тарсафкан мебошад.

Ба ғайр аз ин месенҷер 1 миллион доллар барои мубориза бар зидди коронавирус ҷудо намуд. Созандагони барнома корбаронро барои мутолиаи маълумотҳои дақиқ аз сарчашмаҳои расмӣ ва паҳн накардани маълумоти носанҷида даъват намуданд. 

$1 млрд-и Twitter зидди коронавирус

Twitter низ дар баробари дигар шабакаҳои иҷтимоӣ аз моҳи январ инҷониб бар зидди коронавирус мубориза мебарад. Шабака дар моҳи январ зиёда аз 15 миллион твиттҳои корбарони худро, ки ба коронавирус алоқамандӣ доштан ҳазф кардааст.

Инчунин 8-уми апрел асогузори Twitter Ҷек Дорсӣ дар саҳифаи худ дар ин шабака хабар дод, ки ӯ аз 4 як ҳиссаи боигарии худро, ки наздики 1 млрд доллар мебошад ба фонди мубориза бо коронавирус мегузаронад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо корбаронро даъват мекунанд, ки маълумоти носанҷидаро бовар ва паҳн накунанд, балки ба таври ҳатмӣ миёни корбарон филтрро оғоз намудаанд. Онҳо корбарони қоидавайронкунро бори аввал огоҳӣ ва пасон ҳазф мекунанд.

Facebook, Twitter ва YouTube дар мубориза барои паҳншавии маълумоти бардурӯғ доир ба коронавирус аз алгоритмҳои “сахт” истифода мебаранд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!