“Минтақаи пулисӣ” кардани макони офатзада мушкилро осон мегардонад?

Ҳамааш аз офати табиӣ сар шуд.  Мақомот мегӯянд, ки дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзи 14 май дар деҳаҳои ба номи Неъматулло Асадулло ва “18-ум анҷумани ҳизб” -и ноҳияи Хуросон 11 манзили истиқоматӣ пурра ва 25 хона қисман зарар дид. 16 май шиддати борон бештар шуда, сел омад, ярч фаромад ва ба 25 хона пурра, ба 14 манзили дигар қисман зиён расонид. Мактаби миёнаи №12, як қисми роҳҳои маҳаллӣ низ корношоям гардиданд.

Ҳаҷми умумии зарарро ҳоло 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд. Бадбахтона ин сел ҷони ду нафарро ҳам гирифт.

Зимнан, ин бори аввал нест, ки ба ин деҳаҳо сел меояд ва хонаи мардумро хароб мекунад. Шикояти мардум аз он аст, ки ҳар сол мақомот танҳо замоне ба кӯмакашон меоянд, ки селоба ба онҳо зарари зиёди молӣ мерасонад. Аммо ин дафъа ҳатто барои аз макони офат берун кардани бозмондаи дороиашон мушкил пеш омад. Одамони зарардида дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфтанд, ки  маҷбур буданд аз таги лой ҷиҳози боқимондаашонро худ берун кунанд ва мошину экскватор киро карда, онро ба ҷои бехавфтар интиқол диҳанд.

Маҳалли зарардида

Мисле, ки сабрашон поин омад. 17 май онҳо шоҳроҳи Душанбе – Бохтарро бастанд. Сабабашро дар сӯҳбат бо ҳамкасбони мо ба ин нисбат доданд, ки аз рӯзи аввали ҳодиса се рӯз сипарӣ гардид, вале аз ҷониби мақомот кӯмаку дастгирии ҷиддие эҳсос накарданд:

- Дафъаҳои гузашта ҳам, ки сел хонаву роҳҳои моро вайрон мекард, масъулин меомаданд, ваъда медоданд ва пас аз рафтан фаромӯш мекарданд. Мо имкони ҳар сол хона сохтану таъмир карданро надорем. Барои ҳамин, мардум хост мушкилашонро то охир ҳал намоянд - гуфтаанд дар сӯҳбатҳои худ, вале таъкид кардаанд, ки аксу номи онҳоро нашр накунанд.  

Ба ҷои ҳодиса – шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, ки мардум онро баста буданд, ба зудӣ кормандони милиса мерасанд ва роҳро мекушоянд. Аммо дертар гузоришҳои видеоие паҳн шуданд, ки дар онҳо занҳое шикоят доштанд барои ин эътироз шавҳару бачаҳои ҷавонашонро боздошт кардаанд. Дар сатҳи расмӣ дар бораи ин боздоштҳо маълумоте нашр нашудааст.  Мардум ҳам аз баррасии ин мавзӯъ, вақте аз онҳо пурсидем, худро канор мегиранд.

17 май сокинони аз офат осебдида шоҳроҳи Душанбе - Бохтарро бастанд

Шояд натиҷаи ин эътироз буд, ки пагоҳаш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳ бо муовини сарвазир Давлатшо Гулмаҳмадзода ба назди мардуми офатзада омаданд. Гуфта мешавад ба ҷараёни ин мулоқот журналистонро раҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, саволҳои зиёд, аммо бе посух, бидуни шак таваҷҷӯҳи ҷомеаро бештар мекард. Журналистон бояд ба онҳо посух дармеёфтанд. Хабарнигори “Азия плюс” Абдуллоҳи Ғурбатӣ 29 май хост ба макони ҳодиса равад. Аммо нарасид. Дар нимаи роҳ мавриди латукӯб қарор гирифт.

Бидуни шак ин ҳодиса макони офати табииро бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод: Оё дар ин ноҳия чӣ мегузарад, ки расонаӣ шуданаш ташвиш ба миён овардааст?

Ҳоло ин савол посухи худро ба вуҷуд наоварда буд, ки субҳи рӯзи дигар дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ таҳти унвони “Созанда мебояд, на сӯзанда” матлабе ба нашр расид. Онҳо гуфтанд, ки “баъзе хабарнигорон ҷойи дастгирии маънавӣ ва роҳҳи ҳалли масъала аз мусибати ба сари сокинони минтақаҳои офатзада омада истифода карда, мехоҳанд бо ангехтани иғвою дасиса, бедор кардани ҳисси норозигӣ ва равған рехтан ба оташи қаҳру ғазаби сокинон фазои зиндагиро ноором созанд”.

Баъд мисол оварданд, ки гӯё  Абдуллоҳ Ғурбатӣ “бархилофи хоҳиши сокинони ноҳияи Хуросон ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатии онҳо эътибор надода, хост ворид шуда ҳамсару фарзандон, алалхусус ноболиғон, ки дар хаймаҳо буданд, ба навор гирифта гузориши «ҳангоманок» таҳия намояд. Ӯ инчунин дар вуҷуди сокинони аз офати табиӣ зарардида ҳисси норозигиро ба давалту ҳукумат бедор карданӣ шуд. Чунин рафтори хабарнигор ба сокинон хуш наомад ва онҳо Абдуллоҳи Ғурбатиро аз хаймаҳои худ дур ронда нагузоштанд шароити зисту зиндагии онҳоро халалдор ва расонаӣ намояд.

Номбурда ба монеъ шудани сокинони нигоҳ накарда бо дахолат кардан ба зиндагии шахсии онҳо ба наворбардорӣ машғул гардид. Дар натиҷа миёни сокинон ва Абдулоҳи Ғурбатӣ муноқиша ба вуҷуд омада, сабаби вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ гардид”.

Дертари ҳамон рӯз, гурӯҳи “Авангард” -и назди ин вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чанд расонаи ба истилоҳ мустақил “Муроҷиатнома ба раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо аз номи сокинони аз офти табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон” -ро нашр карданд ва гуфтанд, ки “аз расонаӣ ва халалдор кардани ҳаёти осудаи мо даст бардоред ва ба ҳангомае, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон моро дастгирӣ ва нисбати мо ғамхорӣ намекунад, хотима диҳед”.

Баъд илова карданд, ки ҳукумат ба мардуми зарардида ҳамаи кӯмакҳои заруриро саривақт мерасонад ва онҳо мушкиле надоранд. Идомаи ин “номаи сокинон” тақрибан ҳамон матнеро ба хотир меовард, ки дар сомонаи расмии ВКД пештар нашр гардид. Дар бораи ҳолати латукӯб бошад навиштанд: “Ӯро касе латукӯб накардааст. Занону духтарони баномус ӯро аз назди хаймаҳо ронданд”.

Даъвояшон аз ману Иттифоқи журналистон ин буд, ки чаро аз Ғурбатӣ ҳимоя мекунем?

Аҷиб буд... Оре, инҷониб матолибе дар бораи қазияи латукӯби ҳамкасби ҷавонам навишта будам, аммо чаро аз ИЖТ , ки то имрӯз дар бораи қазияи ҳамкасби мо чизе нагуфтааст, ном мебурданд, мавзӯъро боз ҳам пурмуаммо мекард.

Бар илова, қисмати охири ин “нома” таҳдиди ошкор дошт:

“Мо – сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон бо итминони комил гуфта метавонем, ки агар як нафар аз мо бо даъвою ҳаракатҳои ғайриқонунии хабарнигори «Азия Плюс» аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, мо дастаҷамъона рафта дар бари ӯ меистем ва бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат карда, намегузорем ӯ беҷазо монад. Ба шахсони ҳимоятгари Абдуллоҳи Ғурбатӣ муроҷиат карда мегӯем, ки дар ҳолати ҳуқуқу манфиатҳои моро нодида гирифтан, аз болои шумо ба додгоҳ шикоят мекунем”.

Шубҳаҳо бештар шуданд. Аввалан, гумон аст, ки инро мардуми зарардида нависта бошад ва дуввум, бисёрии имзоҳо якхела ба назар мерасиданд.

Ин моро водор мекард, ки ба мавзӯъ бархӯрди ҷиддӣ дошта бошем. Ҳамкасбон пешниҳод карданд, ки як гурӯҳ журналистон ба маҳалли офат равем. Ҳам бо мардум сӯҳбат кунем, ҳам то ҷои имкон мушаххас намоем, ки дар ин ноҳия чӣ мегузарад? Аз мардуми имзокарда ба “муроҷиатнома” сабаби бархӯрди онҳоро равшан намоем ва фаҳмем, ки оё воқеан ҳам Ғурбатӣ ба маҳалли ҳодиса рафта буд?

Чун дар посух ба иддаои ВКД навишт, ки латукӯби ӯ дар нимаи роҳ сурат гирифтааст, на дар хаймаҳои муваққат.

Ба даъвати мо барои сафар ба ин ноҳия ҳамкасбони зиёде ҳамовозӣ карданд.

Вақте раиси ноҳия ҳам иҷозат мепурсад...

Субҳи барвақти 2 июн дар наздикии бинои “Шарқи озод” ман, Нуриддин Қаршибоев, Лилия Гайсина, Иршод Сулаймонӣ, Меҳрангез Турсунзода, Сурӯш Раҳмонӣ ва Гулнора Амиршоева ҷамъ омада, роҳии Хуросон шудем. Дар рӯ ба рӯ бо ҳукумати ноҳия тасмим ин шуд, ки ба ду гурӯҳ тақсим мешавем. Як гурӯҳ ба назди раиси ноҳия медароем ва гурӯҳи дигар ба маҳалли ҳодиса. Хабарнигори минтақавии “Озодӣ” Орзуи Карим ҳам то ин замон аз шаҳри Бохтар ба назди мо расида буд.

Ба ҳукумати ноҳия Нуриддин Қаршибоев, Гулнора Амиршоева, Иршод Сулаймонӣ, Орзуи Карим ва ман ворид шудем. Лилия, Меҳрангез ва Сурӯш ба деҳаи офатзада рафтанд.

Раиси ноҳия Раҳматулло Сафарзода марди дар ҳақиқат хоксор будааст. Мулоқоти мо дар толори ҷаласаҳояшон  сурат гирифт. Раис ба минбар набаромад, дар поин, баробари мо курсиеро гузошту нишаст. Дар бораи офати табиӣ, ки бо сабабҳои ҷуғрофӣ дар ин ноҳия зиёд пеш меоянд ва сабабҳои он гуфт. Кадоме аз масъулини ноҳия баъд ба пешаш як даста ҳуҷҷатҳоро овард ва Сафарзода, ки дар баробари хоксорӣ шахси самимӣ ҳам будааст, гуфт матни “муроҷиатномаи” дар боло зикршударо барояш овардаанд ва ӯ бо он то охир шинос нест. Ҳамин тавр, баҳс сӯи фаъолияти журналистон кашида шуд. Раис қалами сиёҳ ва коғазҳои сафеди пешашро чандин бор боло бардошт ва гуфт вақти навиштани матлабҳо бояд ин рангҳо ба асли худ гуфта шаванд. Ҳамкасбони мо ҳам дар посух гуфтанд, ки барои гуфтани воқеиятҳо бояд шароит ба вуҷуд овард, маълумот пешниҳод намуд. Сафарзода гуфт, ки телефонаш шабу рӯз фаъол аст ва ҳич гоҳ занги касеро бе ҷавоб намемонад. Орзуи Карим инро тасдиқ кард, вале гуфт ғайр аз раис пайдо кардани масъулини дигар осон нест, онҳо ё ба саволҳо ҷавоб намедиҳанд, ё умуман ба занг.

Матни "муроҷиатномаи" сокинонро ба раиси ноҳия танҳо вақти мулоқот бо барояш оварданд

Вобаста ба қазияи Абдуллоҳ Ғурбатӣ раиси ноҳия иқрор кард, ки аз он огоҳ аст ва дина то дери шаб ин мавзӯро бо муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ, ки назорати ин қазияро ба ӯ вогузоштаанд, баррасӣ кардааст ва умед дорад гунаҳкорон пайдо ва муҷозот мешаванд.

Расидем ба масъалаи асосӣ, ки мехоҳем ба маҳалли офатзада равем, вазъиятро аз наздик бинем, бо мардум сӯҳбат намоем. Сафарзода боз ҳам самимона иқрор кард, ки мавзӯъ як печидагӣ дорад: ӯ бояд ин масъаларо бо кадоме аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ машварат намояд. Ӯ барои посух гирифтан ба утоқаш рафт. Акнун саволе мавриди баррасии ҳамкасбони мо қарор гирифт, дигар шуд: дар ин ноҳия масъулияти кӣ аз ҳама баланд аст?

Хоса дар мавзӯе, ки ҳич иҷозаи қонуниро ҳам тақозо намекунад.

Ин мавзӯъро муҳокима доштем, ки Сафарзода ба толор баргашт ва гуфт, ки чунин иҷозатро ба ӯ додаанд. Муовини раиси ноҳия Нуринисо Подшоҳқулзодаро вобаста кард, ки моро ҳамроҳӣ намояд...

“Агар чизе гӯем, моро хоин мегӯянд”

Дар даромадгоҳи макони офатзада ҳамкасбонамон, ки пеш аз мо рафта буданд, мушкиле пеш омада буд. Мошини онҳоро кормандони БДА манъ карда, гуфтанд, ки бе иҷозати мақомдорони баландтар наметавонанд ба онҳо рухсати сафар бидиҳанд. Ба саволи хабарнигорон посух ин шуда, ки аз ин вазъият метавонад ҳар кас истифода намояд. Аз ҷумла дуздон. Аз ин дидгоҳ, албатта кори дурусте ҳаст. Ҳарчанд қонунгузории вобаста ба журналистон дар ин гуна ҳолатҳо талаботи дигар дорад: баробари дидани ҳуҷҷат набояд ба фаъолияти онҳо монеъ шуд!

Ҳудуди 15 дақиқа зарур шуд, ки чунин иҷозатро онҳо пайдо кунанд. Ҳамкасбон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, ки агар мехоҳанд, метавонанд бо онҳо ҳамроҳ бошанд. Вале онҳо рад карданд. Якеаш ҳатто ошкоро гуфт, ки аз ночорӣ ин ҷо истодааст, вагарна сахт монда шудаву нав аз сафари хидматӣ аз Бадахшон омадааст...

Ин гурӯҳи ҳамкасбони мо аллакай аз мавзеи офат дидан карда буданду ҳоло дар хаймаҳои муваққат бо мардум сӯҳбат доштанд.

Гурӯҳи мо якҷоя бо масъулони ноҳия ба маконе омадем, ки мардум ҷамъ шуда буд. Ҳилоли Аҳмар барояшон кӯмак овардааст. Дертар аз Бадахшон ҳам бояд мошини дигари кӯмакҳо мерасид.

Дар ин миён аллакай ҳамкасбони мо имкон ёфтанд, ки бо чанде аз сокинони зарардида сӯҳбат кунанд. Чеҳраҳои аксар ғамгин, вале аксарият мегуфтанд аз чизе шикоят надоранд. Дар сӯҳбат бо ҳамкасбони мо, ки пештар ба маҳалли офатзада омада буданд, бархе сокинон гила кардаанд, ки гапҳои мегуфтаашон зиёд аст, аммо, агар лаб во кунанд, ба онҳо тамғаи “хоинӣ” зада мешавад...

Зимни сӯҳбате, ки бо мо ҳам гурӯҳи занҳо мекарданд, танҳо як бону нав лаб ба шикоят бурд, ки барояш бархе лавозимотро додаанду аммо ӯ барои киро кардани устоҳо пул надорад, ки мавриди ҳуҷуми атрофиён қарор гирифт. Махсусан як ҷавон бо куртаи сафед фаъол ба назар мерасид. Воқеан, ҳатто навогирии моро аз ҷараёни ин сӯҳбат одамони шубҳаноке дар атроф напазируфтанд ва ишора карданд, ки “чӣ даркор занакҳоро сабт кардан, айб аст”. Ба онҳо дар ҷараёни сабт фаҳмонидем, ки ин ягон мушкили ҳуқуқиву ахлоқӣ надорад.

Зимни сӯҳбат бо сокинони зарардида раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи Бохтар бениҳоят фаъол буд. Ӯ баъд ба макони хаймаҳо ҳам аз пушти мо рафт, то бо мардум "корҳои фаҳмондадиҳӣ" намояд

 “Ифтихори миллӣ” дар фаҳмиши раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи Бохтар

Дертар он ҷавони куртаи сафедпӯш, ки маълум гардид роҳбари созмони ҷавонони Донишгоҳи Бохтар Меҳроҷ Ҳалимзода будааст ба сӯҳбати мо ҳам ҳозир шуд. Аҷиб буд, ки нафари дигаре, ки ба син аз ӯ хурдтар ба назар мерасид, пинҳонӣ ин сӯҳбатҳоро сабт мекард. Маслиҳаташ додем, ки мо гапу кори ғайриқонуние надорем, метавонад ошкор сабт кунад. Шояд шарм кард, ё рисолаташ тамом шуд, ки аз пешамон дур рафт.

Раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи Бохтар, ки мегуфт гӯё волидонаш сокини ин ноҳияанду барои ҳамин ба макони ҳодиса омадааст, зимни сӯҳбат бо ҳамкасбони мо боз ҳам сӯҳбатро сӯи ватандӯстиву ифтихори миллӣ бурд. Аммо вақте аз ӯ пурсиданд, ки дар бораи қазияи Абдулло Ғурбатӣ -журналисти латукӯбшуда дар як давлати ҳуқуқбунёд чӣ назар дорад, боз ҳам аз ифтихори миллӣ забон кушод ва гуфтан хост, ки бо расонаӣ кардани ин ҳодиса ва гузоштани аксҳои одами латукӯбшуда гӯё ифтихори миллӣ коҳиш меёбад. Ҳарчанд мегуфт он рӯз дар маҳалли ҳодиса набудааст, аммо бисёр боитминон изҳор дошт, ки мақомот ба ин кор хулосаи ниҳоии худро хоҳанд дод.

Воқеан, бегоҳи ҳамон рӯзе, ки мо ба Хуросон рафта будем, суди ин ноҳия дар мавриди қазияи Ғурбатӣ ҳукми худро содир кард. То оғози мурофиа Абдулло онҳоеро, ки мақомот ҳамчун омилони ин латукӯб боздошта буданд, шиносоӣ кард. Онҳо сокинони ин ноҳия Сӯҳроб Бобоев, Абдумаҷид Давлатов ва Қурбоналӣ Ғуломов будаанд, вале ба деҳаи аз офат зарардида иртибот надоштаанд.

Бо ин вуҷуд, суд онҳоро танҳо аз рӯи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва танҳо ҷарима дар ҳаҷми 580 сомонӣ муҷозот намуд, на аз рӯи талаботи Кодекси ҷиноӣ.

Аммо ин муҷозоти хеле сабукро ҳам дар ВКД қабул надоштанд. Рӯзи дигар онҳо дар матлабе дар сомонаи расмии худ, ки “Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ)” ном дошт, натиҷаи мурофиаро навиштаву вале илова карданд, ки “гарчанде хабарнигор нисбати сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хурсон ба дағалӣ роҳ додааст”.

Дар ҳамин ҳол, сокинон, ки ҳамроҳони мо бо онҳо имкони сӯҳбат доштанд, гуфтанд, ки ё дар бораи ин қазия чизе намедонанд, ё аз забони касе шунидаанд, ки 200 метр аз макони хаймаҳо ин ҳодиса иттифоқ афтодааст. Дар бораи муроҷиатнома бошад, ҳич кас дарак надошт...

Бо ҳамин оё гуфтан мумкин аст, ки як қазияи пурсару садо ва саволҳои зиёди як макони офатзада посухи мушаххасу қонеъкунанда пайдо карданд?

Ду саволи мардуми зарардида

Ахиран сарвазир Қоҳир Расулзода ҳам ба макони офатзада сафар намуд. Ба ӯ ҳам маълумот доданд, ки ба 67 хонаводаи зарардида дар маҳалли бехавф, мавзеи Чорбоғи ноҳияи Хуросон ба масоҳати 8-сотихӣ қитъаҳои замин барои бунёди манзил ҷудо гардид.

Президент Раҳмон ҳам тибқи хабарҳои расмӣ ба зарардидагон 370 тонна семент, 74 тонна арматура, 3700 дона шифер ва 370 метри кубӣ тахта фиристодааст. Дар бораи кӯмакҳои ғизоии расида аз ҷониби ҳукумати марказӣ ва вилояти Хатлон ҳам хабарҳо расонаӣ шудаанд.

«Мақомоти давлатӣ дар барқарорсозии манзилҳои зисти харобшуда, инчунин бунёди муассисаи таълимии нав, бунгоҳи тиббӣ, ташкили инфрасохтор ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард»,  зикр намудааст Расулзода зимни сӯҳбат бо мардум ва тавре “Ховар” менависад, ки ваъда додааст, ки “мақомоти дахлдори давлатӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ барои дастраснамоии ҳаҷми зарурии масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо мусоидат мекунанд ва то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, яъне моҳи сентябри соли ҷорӣ, сохтмони ҳамаи 67 манзили зист бояд ба анҷом расад”.

Аммо мардум ду саволи ҳамоно посухнаёфта доранд:

1) Ба онҳо қисме масолеҳи сохтмониро ҳукумат дод, қисмеро аз хонаҳои селбурдаашон, ки боқӣ мондааст, ба маҳалли нав оварданд, вале барои пардохти хизматрасонии усто пул надоранду онро аз куҷо ёбанд?

2) Дар заминҳои пешин, ки ҳарчанд ҷои хавфнок буд, аммо теъдоди замини киштбобашон зиёд буду аз ҳисоби ин заминҳо ризқи худу кӯдаконро меёфтанд (яке аз мусоҳибон дар бораи доштани 10 га замин изҳор намуд, ки дар 6 га гандум, дар 2 гектарӣ картошкаву пахта мекоридааст), акнун дар заминҳои хурд ва дар ноҳияе бо маҳдудияти ҷои кор, зиндагиро чӣ гуна пеш баранд?

Чаро ВКД якбора “журналистбадбин” шуд?

Офати табиӣ дар Хуросон, роҳбандии сокинон ва латукӯби Ғурбатӣ як мавзӯи дигарро пеш овард. Бархӯрди Вазорати корҳои дохилӣ бо журналистон. Ин ҳам дар ҳоле, ки пештар ҳамкасбони мо аз ин ниҳод, хоса бахши матбуотӣ ва бархе иқдомҳои роҳбари аввалаш таъриф мекарданд.

Пас чаро чунин иттифоқе пеш омад?

Мешавад ду хулосаи кӯтоҳ кард.

Якум, шояд чунин тасмим дар сатҳ, ё ниҳоди дигар гирифта шудаву ҳадафашон то ҷои имкон коҳиш додани имиҷи роҳбарияти ВКД дар назди журналистон бошад? Эҳтимол чунин тасмимро яке аз масъулини вазорат ба шахси аввали он дуруст арзёбӣ карда бошад ва он ҳам бо ҳадафи дигар: коҳиш додани ҷойгоҳи “милисаи №1” дар назди кормандони ВАО?

Дуюм, дар сатҳи таъсиррасон шояд ин тасмимро дар заминаи ҳаводиси ахири Амрико, ки аз бархӯрди ваҳшатноки як пулис оғоз ёфт, дуруст шуморида бошанд, то “чашми мардум тарсад”. Вале ҳаводиси он сӯи уқёнус барои пулис ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тамоми кишварҳо ҳикматҳои дигар ҳам дод.

Наход дар мо сари ин ҷиддитар фикр накунанд?

Вагарна маълум аст, ки “минтақаи пулисӣ” кардани мушкилот дар ягон давра ва давлат натиҷаи хуб надодааст. Хоса вақте сухан дар бораи мавзеъҳое меравад, ки офатдидаанд ва эҳсосот боло мераванд.

Зимни сӯҳбат бо раиси ноҳияи Хуросон инҷониб аз як давлатмардамон иқтибос овардам, ки мегуфт “мардуми мо мардуми хубанд, агар тоқати шунидани онҳоро дорем”.

Масали мардумӣ ҳам вобаста ба ин вуҷуд дорад: “меҳр дар чашм аст”.

Пас беҳтар нест, ки ба мардум наздик бошем, мушкилоташонро бишнавем, роҳҳои ҳал ҷӯем ва онҳоро мутақоид намоем?

Ё дар мо сахт мутмаинанд, ки ҳама мушкилро бо зӯри мақомот ҳал кардан мумкин?

Ман ба ин бовар надорам...

Ин матлаб аз торнигори “Рӯзи нав” бо Раҷаб Мирзо бознашр шудааст ва дидгоҳи шахсии муаллиф аст.