Пас аз бемории вазнини тӯлонӣ писари калонии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур - Шириншо Шотемури хурдӣ дар синии 88-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт. Ӯ пас аз марги бародари хурдиаш Рустам Шотемур дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар бораи даргузашти ӯ хешовандон ва дӯстони наздикаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

“Ба гуфтаи дӯстонаш, Шириншо Шотемур бе ин ҳам бемор буда, пас аз марги бародари хурдиаш дар бемористон бистарӣ шудааст.

“Хабари марги Рустами Шотемур бародари калонии 88-солаашро сахт мутаассир кард. Профессор Шириншо Шотемур яке аз беҳтарин рентгенологҳои Русия, ба беморхона афтода, дар маросими гӯронидани бародараш иштирок карда натавонист”, - навиштааст дар саҳифаи худ дар Facebook Иброҳим Аҳмедов.

Коргардони кино ва ходими сиёсӣ Давлат Худоназаров чӣ гуна бори нахуст ба Тоҷикистон омадани Шириншо Шотемури хурдиро ёдоварӣ кардааст.

Шириншо Шотемури хурдӣ рентгенолог, номзади илмҳои тиббӣ, дотсент ва омӯзгор мебошад. То синни 80-солагиаш дар беморхонаи ба номи Боткин кор кардааст.

Шириншо Шотемури калонӣ ходими сиёсӣ ва ҳизбии шӯравӣ, арбоби давлатӣ мебошад. Яке аз муассисони Ҷумҳурии Шӯравии Состсиалистии Тоҷикистон мебошад. Қаҳрамони Тоҷикистон (соли 2006, пас аз марг).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.