Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то субҳи 8 июн ба 4 ҳазору 529 нафар расид.

Тӯли 2 шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи фавти бемор аз коронавирус сабт нашуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия чун пешина 48 нафар боқӣ мемонад.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 8 июн 1186 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 185 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба имрӯз 2 ҳазору 673 (59%) нафарро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 15 июни соли равон  ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию  гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз мекунанд.

Касоне, ки ниқоб намепӯшанд, ҷарима мешаванд.

Дар ростои маълумот доир ба камшавии сирояти коронавирус одамон дар Тоҷикистон хатари онро нодида мегиранд. Ба сайругашт мебароянд, масофаи ҷисмонии байни ҳамдигарро риоя накарда, ниқоб намепӯшанд. Инро мушоҳидаи мо дар шаҳри Душанбе нишон дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.