МегаФон Тоҷикистон ба сокинони кишвар пешниҳод намуд, ки ба варзиш ба тариқи онлайн машғул шаванд. Машғулиятҳои ҳавасмандкунандаи видеоӣ, ки аз ҷониби оператор дар ҳамкорӣ бо фитнес-блогер ва устоди йога Азиза Эгамова омода карда шудаанд, ба ҳамаи хоҳишмандон, новобаста аз омодагии ҷисмониашон кӯмак мекунанд, ки нерӯи ҷисмонии худро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд. 

Лоиҳаи “Фитнес Онлайн” дар саҳифаҳои расмии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шабакаҳои иҷтимоии “ВКонтакте”, Facebook, Telegram, Instagram ва YouTube роҳандозӣ карда шудааст. Дар онҳо метавон дарсҳои видеоии иборат аз машғулиятҳои асосӣ: машқҳои зӯрталаби шиддатнок барои ҳамаи мушакҳо, пилатес, ёзониш ва амсоли инҳоро пайдо намуд. Машғулшавӣ ба варзиш ба тариқи онлайн бе лавозимоти махсус комилан имконпазир буда, машқҳо бо назардошти бехатарии максималии онҳо интихоб карда шудаанд – онҳоро ҳатто варзишгари навомӯз иҷро карда метавонад. Инчунин метавон якҷоя бо кӯдакон машқҳоро иҷро намуд. 

“Агар Шумо дар хона бошед, ин барои қатъи машқҳо сабаб шуда наметавонад! Видеороликҳои мо бо маҷмӯи машқҳои муайян ба Шумо имкон медиҳанд, ки намуду андоми намунавии худро дар шароити хона нигоҳ дошта, вақтро ҳамроҳи оила хуш ва бо манфиат гузаронед”, -  мегӯяд Азиза ЭГАМОВА.

“Фитнес Онлайн – аввалин лоиҳа дар байни лоиҳаҳои шабеҳи дигар мебошад, ки мо барои муштариёни худ роҳандозӣ мекунем. Олами муосири рақамӣ хеле ҷолиб ва серҷабҳа мебошад. Бо ёрии интернет метавон ҳатто ҳангоми дар хона будан нерӯи ҷисмонии худро нигоҳ дошт, нисбати саломатии худ ғамхорӣ зоҳир намуд ва донишҳои заруриро ба даст овард. Ба наздикӣ мо муштариёни худро бо онлайн-лоиҳаҳои нави худ хушҳол хоҳем кард!” – изҳор дошт Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.