Ҳаракати нақлиёти автомобилӣ тариқи роҳи кӯчаи Ҷанубӣ (64 микрорайон)  аз 10 июн манъ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Ин роҳ аз саршавии бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии Душанбе барои таъмир баста мешавад. Шаҳрдории пойтахт аз ронандагон дархост мекунад, ки дар ин давра аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафати ин мавзеъ истифода баранд.

Корҳои таъмирро дар ин қитъаи роҳ дирексияи сохтмони иншооти давлатии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе - Бохтар ба иҷро мерасонад.

Кӯчаи Южная (Ҷанубӣ) аз аввал то охир аз паҳлӯи бозори "Корвон" мегузарад
Сурат: Foursquare

Дар назар аст, ки корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ дар муддати як моҳ ба итмом мерасанд.

Ёдрас мекунем, ки ба мисли дигар бозорҳои либосфурӯшии пойтахт бозори “Корвон” низ аз 15 июн ба фаъолият оғоз мекунад.

Бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, то оғози дубора ба фаъолият пардохтан дар дохили бозорҳо корҳои тозакунӣ, рангубору таъмир ва баровардани партовҳо амалӣ карда шавад, ҳамчунин дар даромадгоҳҳои бозорҳо долонҳои безараргардонӣ ва ҷойҳои шустани даст бо истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ таъсис дода шаванд.

Инчунин ба масъулин бобати ба гузоштани шахсони мутасаддӣ ва истифодаи ҳароратсанҷи масофавӣ дар даромадгоҳҳои бозорҳо ва ҳамаи нуқтаҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, пӯшидани ниқоб аз ҷониби ҳамаи соҳибкорони бозору нуқтаҳои савдои онҳо, насб кардани буклету овезаҳои қоидаҳои риояи беҳдоштӣ дар растаҳо, кашидани хат ва ресмонҳои рангаи масофаи иҷтимоӣ дар ҳамаи дӯкон ва нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ, дастгирӣ ва мусоидати соҳибкорони инфиродии бозорҳо дар озод намудани пардохти андозҳо дар давраи тиҷорат накардани онҳо дастур дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.