Як воҳиди сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар гузашти ҷашнии Ғалаба, ки рӯзи 24 июн дар Майдони Сурхи Маскав доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба ин воҳиди сарбозону афсарони тоҷик, ки ба гузашти ифтихорӣ дар Майдони Сурх шарафёб гардидаанд, намояндагони қувваҳои хушкигард, неруҳои зудамал, неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ шомиланд.

Тибқи маълумоти як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати ҷумҳурӣ, иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар сафороии низомӣ ба ифтихори ҷашни 75-умин солгарди Ғалаба дар Маскав дар назар аст.

Сарбозону афсарони воҳиди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон охири ҳамин ҳафта бо ҳавопаймоии ҳарбии боркаши Вазорати мудофиаи Русия ба Маскав бурда мешаванд.

Машқҳои омодагӣ ба гузашти низомӣ бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ - дастпӯшаку ниқоб гузаронида мешаванд.

Рӯзҳои 17 ва 18 июн дар Майдони Сурх машқу тамринҳои шабона доир гардида, рӯзи 20 июн баргузории машқи генералии гузашт ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин гузашти низомии Ғалаба аз иштироки наздики 15 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва беш аз 200 адад техника, инчунин тибқи маълумоти пешакӣ, 75 адад ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ интизорӣ меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.