Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд шабакаи дараҷаи 4G ширкати МегаФон Тоҷикистон  ба кор даромад. Беш аз 50 000 сокинони маҳаллӣ ба интернет бо суръати наздики 50 Мбит/с дастрасӣ пайдо намуданд.    

Дар шаш моҳи охир ширкати МегаФон Тоҷикистон минтақаи фарогирии  шабакаи 4G-ро  тадриҷан  васеъ гардонида, шумораи истгоҳҳои базавии стандарти мазкурро дар вилояти Суғд  зиёд намудааст.     Ба  ғайр аз роҳандозии иншооти нави алоқа,  ширкат  модернизатсияи таҷҳизоти қаблан  насбгардидаро анҷом додааст, ки ба туфайли ин  суръати интернети мобилӣ  ду маротиба  афзуд.  Сармоягузориҳо дар рушди инфрасохтор ва баландбардории  сифати  хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ба афзоиши нуфузи интернети мобилӣ  мусоидат  менамоянд.  Аз рӯи маълумоти  ширкат, ҳаҷми  трафик  дар  шабакаи 4G дар соли  2019 нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ  тадриҷан  зиёд  гардид.     Дар  соли  2020  трафик  бо суръати  баланд афзуда истодааст.   

«Мо доимо  инфрасохтори шабакаи  насли чорумро рушд медиҳем, то ин ки  мизоҷони мо аз тамоми имкониятҳои “ҷаҳони рақамӣ”-и муосир  баҳравар шаванд.    Ба  туфайли  мувофиқати суръатҳои баланди интернети мобилӣ  бо бастаҳои нав, тарофаҳои силсилаи «Биё!» ба пешниҳоди муфид дар бозори телекоммуникатсионии кишвар табдил меёбанд», – шарҳ медиҳад Директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд  Далер Наимов.     

Технологияи  4G барои ирсол ва қабули  файлҳои «қалонҳаҷм» бо андозаи 1 Гб ва зиёдтар, тамошои видео  бо сифати  FullHD бидуни интизории кушодашавӣ  , истифодаи интернет-браузер бо миқдори зиёди замимаҳо бе интизории кушода шудани саҳифаҳо, боргирии файлҳои аудио ва видеоӣ,  тақсимоти Wi-Fi ба якчанд  дастгоҳ, иштироки қулай дар бозиҳои онлайн  имконият медиҳад.          Бо истифодаи имкониятҳои интернети  босуръат,   МегаФон Тоҷикистон  ба муштариёни рақамии  худ чунин  хизматрасониҳоро, ба монанди «Арбуз.ТВ», «MegaKids» ва «MegaMovie», пешниҳод менамояд.   Муштариёни МегаФон Тоҷикистон  метавонанд дар смартфонҳояшон филмҳои ҷолибро тамошо карда, ба портали кӯдакона ё онлайн-телевизион бо трафики бемаҳдуд дастрасӣ дошта  бошанд.    Муфассалтар  дар  сомонаи  ширкат  –   www.megafon.tj.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.