Дар Гузориши дастаи кишварии СММ дар ҷумҳурӣ гуфта мешавад, аз оғози эпидемия беш аз 1700 нафар табибон дар Тоҷикистон аз COVID-19 сироят ёфтаанд.

Маълумот дар санади «COVID-19: Гузориш дар бораи вазъ дар Тоҷикистон” №10” аз 9 июни соли 2020 бо истинод ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар оварда шудааст.

“Шумори кормандони тиббии сироятёфта то 8 июн 36% аз теъдоди умумии беморонро дар кишвар ташкил медиҳад, аз ҷумла 619 нафар табибон ва 548 нафар ҳамшираҳои шафқат (дар гузориш ҳамагӣ доир ба 1701 нафар корманди тиббӣ сухан меравад”, - қайд мешавад дар гузориш.

Сабаби асосии сироятёбӣ камбуди воситаҳои муҳофизати инфиродӣ барои табибон, бахусус дар давраи оғози хуруҷ номида шудааст.

Дар ҳисобот гуфта мешавад, имрӯз иқтидори ташхиси тестгузаронӣ дар кишвар ба наздики 450-500 намуна дар як рӯз баробар аст, ки дар шаш озмоишгоҳ дар Душанбе (бо шумули як озмоишгоҳи хусусӣ), Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб гузаронида мешаванд.

“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки дар саросари кишвар барои ба карантин гирифтан ва муолиҷаи беморони COVID-19 (ҳолатҳои тасдиқшуда) ҳамагӣ 81 беморхона бо 9 ҳазору 006 кати хоб ҷудо шуданд”, - қайд мешавад дар он.

Ҳамчунин дар санад доир ба ташрифи табибони лаҳистонӣ (полшагӣ) ба Тоҷикистон, маҷбур кардан ба ниқобпӯшӣ бо роҳи ҷарима ҷорӣ кардан, инчунин дастрас будани маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар кишвар ва дар муддати як ҳафтаи ҳисоботӣ дар аксари бозорҳои зери мушоҳида ҳеҷ гуна тағйироти ҷиддӣ рух надодан сухан меравад.

Дар он инчунин зикр мегардад, ки ояндаи наздик дар чаҳорчӯби кумаки Шабакаи ҷаҳонии огоҳӣ дар бораи хуруҷи бемориҳо ва амали ҷавобӣ (GOARN) дар Тоҷикистон ташкили гурӯҳҳои зудамал (сайёр)-и кумаки таъҷилии тиббӣ ва озмоишгоҳҳои сайёри вокуниши зудамал аз Русия ва Британияи Кабир дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, ки дар сомонаи kvtj.info оварда мешавад, шумори фавтидагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 429 нафарро ташкил медиҳад, ки 61 нафари онҳо кормандони тиббӣ мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.