“Раёсати молияи шаҳр пулҳоямро намедиҳад, то ки қарз барои ордҳои харидаамро баргардонам”, - чунин буданд суханони охирини сокини деҳаи Куҳнашаҳри шӯрои деҳоти Зарбдори ноҳияи Кӯлоб Зариф Абдуллоев, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта назди бинои Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб худро оташ зад.

Сокини Кӯлоб бо кадом сабаб ба худкушӣ даст зад ва касоне, ки ӯро мешинохтанд, дар ин бора чӣ мегӯянд?

Субҳи рӯзи 6 июн назди бинои Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Абдуллоеви 62-сола аввал ба ҷисмаш чанд маротиба бо корд зарба зада, сипас худро оташ зад.

Мард бо хунравии дарунӣ ва 95% сӯхтаи бадан ба бемористон оварда шуд. Пас аз ду рӯз ба ҳуш наомада, ҳалок шуд.

Ба иттилои манбаи наздик ба тафтишот дар сохторҳои қудратии Кӯлоб, Зариф Абдуллоев муассисаҳои томактабии шаҳрро бо нон таъмин мекард.

Ба гуфтаи манбаъ, Раёсати молия ба ӯ ваъда дод, ки ҳамаи хароҷоташро пардохт мекунад, лекин аввал ӯ аз пули худаш бояд хароҷот мекард, то ки кӯдакистонҳоро бо нон таъмин кунад. Баъд аз рӯйи кори иҷрошуда бояд ба ӯ пули хароҷоташро медоданд.

Абдуллоев пул қарз гирифта, ҳамаи уҳдадориҳояшро иҷро кард, лекин баъдан чандин бор ба раёсати молия рафта, ҳамеша дар масъалаи пардохти пулҳои ба ӯ ваъдашуда ҷавоби рад мегирифт.

Дар Раёсати молияи шаҳр муомилот доштанашонро бо Зариф Абдуллоев рад накарданд, лекин изҳор доштанд, ки нонвойхонае, ки бар асоси шартнома кӯдакистонҳоро бо нон таъмин мекард, ба номи бародараш Файзалӣ Абдуллоев ба қайд гирифта шудааст.

Ба қавли сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Одина Раҳмон, оилаи Абдуллоевҳо бо муассисаҳои томактабӣ, ки бо онҳо мустақиман ҳамкорӣ мекарданд, мушкили пардохти қарз доштанд.

“Агар кӯдакистонҳо пули маҳсулоти гирифтаашонро надода бошанд, пас Абдуллоевҳо метавонистанд ба суд муроҷиат кунанд. Мувофиқи руйхатҳои ба мо пешниҳодшуда Зариф Абдуллоев 4 муассисаи томактабӣ – кӯдакистонҳои №№1, 2, 7 ва 11-и Кӯлобро бо нон таъмин мекард, ки 3 муассисааш қарздоранд. Қарзи кӯдакистони №1 – 762 сомонӣ, №2 – 13 ҳазору 264 сомонӣ ва кӯдакистони №11 – 4 ҳазору 545 сомонӣ ва қарзи умумии онҳо ҳамагӣ 18 ҳазору 720 сомониро ташкил медиҳад”, - иттилоъ дод Одина Раҳмон.

Қарздорон чӣ мегӯянд?

Мудири кӯдакистони №11-и шаҳри Кӯлоб Гулбаҳор Ализода мегӯяд, Зариф Абдуллоев дарвоқеъ ҳам бо ин муассисаи ҳамкорӣ мекард.

“Ман аз соли 2019 ба ин кӯдакистон роҳбарӣ мекунам. Мо бо Зариф Абдуллоев дар бораи таъмин бо нон созишнома доштем. Дар бораи чӣ қадар қарздор будани муассиса аз Абдуллоев аз сармуҳосибамон пурсед”, - иброз дошт мудир.

Акрам Холов, муҳосиби ин муассиса қайд кард, ки аз соли 2018 онҳо бо Зариф Абдуллоев тибқи шартнома ҳамкорӣ доштанд:

“Аз рӯйи ҳуҷҷатҳо молики нонвойхона бародараш аст, лекин ҳамаи муомилотро мо бо Зариф Абдуллоев анҷом медодем. Кӯдакистони мо дарвоқеъ ҳам 4 ҳазору 545 сомонӣ пули қарзи нони гирифтаамонро напардохтааст. Ӯ аз мо таъинот гирифта, сипас бо он аз раёсати молияи шаҳр пулро мегирифт. Ҳуҷҷатҳо барои гирифтани пулро мо тайёр кардем, вале ӯ маблағро гирифта наметавонист”.

Мудири кӯдакистони №1-и шаҳри Кӯлоб Ҳангома Юсуфова низ тасдиқ намуд, ки аз соли 2018 онҳо бар асоси созишнома бо марҳум Зариф Абдуллоев ҳамкорӣ мекарданд.

“Ӯ ҳар субҳ бо мошини худан ба мо нон меовард, лекин мо пули онро пурра баргардонида натавонистем. Мо аз ӯ 762 сомонӣ қарздор будем”, - хабар дод мудир.

Аз кӯдакистони №2, ки аз ҳама зиёдтар ба Абдуллоев қарздор аст, боздид намуда, вале мудири он Моҳсафар Шамсиддиноваро дар ҷойи кораш ёфта натавонистем.

Кормандони кӯдакистон рақами телефони ӯро ба мо надоданд ва телефони духтари мудир, ки ёфтани он ба мо муяссар шуд, ба зангҳо ҷавоб намедод.

Бародари Зариф Абдуллоев: Умедворем, ки тафтиш воқеъбинона сурат мегирад

Яке аз шиносҳои Зариф Абдуллоев нақл кард, ки марҳум ба мисли дигар сокинони шаҳр, ки бо ташкилоту муассисаҳои шаҳр муомилот доштанд, пулашонро тариқи корт аз банкоматҳо мегирифтанд.

“Ба гумони ғолиб, ба Зариф-ака ҳам дар Раёсати молия ваъда додаанд, ки пули қарзро ба корташ мегузаронанд. Лекин ӯ онро гирифта натавониста, ҳамон рӯз суратҳисобашро месанҷад ва он ҷо пули гузаронидаро надида, ба худкушӣ даст мезанад”, - гуфт ин мард.

Бо вуҷуди азодорӣ дар хонаи Абдуллоевҳо, бародари марҳум Маҳмадалӣ Абдуллоев ба гуфтугӯ бо мо розӣ шуда, тасдиқ намуд, ки ҳақиқатан ҳам бародараш ордро аз мағозаҳои шаҳр қарз гирифта, ваъда медод, ки пули нонро гирифта, қарзро бармегардонад.

“Лекин қарзҳо рӯз то рӯз зиёд шуда, ӯ маҷбур шуд, ки говро фурӯшад ва ман ҳам каме бо пул кумак кардам, лекин пурра баргардонидани қарзҳо муяссар нашуд”, - нақл кард Маҳмадалӣ.

Наздикони марҳум аз он нигаронанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳол бо онҳо суҳбате ҳам накардаанд, то ки аз ҷузъиёти бештари ин қазия огоҳ шаванд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ният доранд, ки мутобиқи моддаи “ба худкушӣ оварда расонидан” парвандаи ҷиноятӣ боз кунанд.

“Умедворем, ки мақомот тафтишотро воқеъбинона гузаронида, ошкор мекунанд, ки чаро бародарам ба чунин амал даст зад”, - мегӯянд хешовандони марҳум.

Ҷасади Зариф Абдуллоев рӯзи 8 июн дар Кӯлоб ба хок супарда шуд. Дар маросими ба роҳи охират гусел кардани ӯ садҳо нафар ҳузур доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.