Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми 15 июн 5 ҳазору 97 нафарро ташкил медиҳад.

Тӯли шабонарӯзи гузашта 62 ҳолати нави сироят аз коронавирус сабт шуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия 50 нафар боқӣ мемонад.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 154 июн 508 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 94 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба имрӯз 3 ҳазору 503 (68,7%) нафарро ташкил медиҳад.

Чуноки маълум аст, аз дирӯз, 15 июн дар Тоҷикистон бозору марказҳои савдо, кошонаҳои ҳусн ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ дубора ба фаъолият оғоз карданд. Ниқоб доштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аст.

Чанд аксеро дар рӯзи аввали дубора ба фаъолият оғоз кардани бозору фурӯшгоҳҳои Душанбе манзуратон мегардонем.

1/5

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.