Шурӯъ аз 10 июн роҳи кӯчаи Южная (Ҷанубӣ) аз саршавии бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии шаҳр барои таъмир баста шуд. Микроавтобус (маршрутка)-ҳо акнун ба бозор намераванд.

Аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки самти ҳаракати маршруткаҳои №52 ва №33, ки қаблан аз ҳамаи қисматҳои бозор мегузаштанд, тағйир дода шуд. Ин маршруткаҳо ҳозир то қисмат (сексия)-и 7-уми бозор мераванд, ки ин ҷо истгоҳи охирини онҳо мебошад.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт танҳо пиёда роҳ рафта, то бозор мерасанд.

Инак, имрӯз чӣ гуна метавон то бозори “Корвон” расид? Ба харитаи мо бингаред:


Дирӯз баъди танаффуси якуниммоҳа ҳамаи бозорҳои либосфурӯшии кишвар, аз ҷумла бузургтарин бозор - “Корвон” низ фаъолияташонро барқарор карданд. Мо ба он ҷо рафта, бо вазъи бозор пас аз таваққуфи тӯлонӣ аз наздик шинос ва бо савдогарону харидорон ҳамсуҳбат шудем: гузориши видеоӣ инҷост.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.