Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хабар дод, ки аз сӯйи Майкл Пак, раҳбари тозатаъини USAGM (Бунгоҳи Расонаҳои Ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида) аз мақом озод карда шудааст. Вай рӯзи 18-уми июн дар паёме гуфт, раҳбарии созмон дар як соли ахир барояш "шарафи умрбодӣ аст".

Тавре Радиои Озодӣ бо истинод ба хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" иттилоъ медиҳад, ки Майкл Пак раҳбарони Радиои Осиёи Озод, Шабакаи суханпароканӣ дар Ховари Миёна, Дафтари суханпароканӣ дар Куба ва раиси Хазинаи Фанновариҳои Бозро низ барканор кардааст. Ин барканориҳо чанд рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки раиси "Садои Амрико" ва муовинаш истеъфо доданд.

Майкл Пак, ки ду ҳафта пеш ба ҳайси раҳбари Бунгоҳи Расонаҳои Ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида (USAGM) тасдиқ шуд, ҳамчунин аъзои феълии шӯрои мудирони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Радиои Осиёи Озод ва Шабакаи суханпароканӣ дар Ховари Миёнаро аз мақомашон барканор ва худро раиси он эълом дошт. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, вай тими идории худро дар Бунгоҳи Расонаҳои Ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида таъйин намуд.

Бунгоҳи Расонаҳои Ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида кори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Садои Амрико, Радиои Осиёи Озод, Шабакаи суханпароканӣ дар Ховари Миёна, Дафтари суханпароканӣ дар Куба ва Хазинаи Фанновариҳои Бозро назорат мекунад. Ниҳодҳои узви USAGM бо буҷаи муштараки 798 миллион доллар бо пуштибонӣ аз арзишҳои демократӣ дар беш аз сад кишвар матолиб пахшу нашр мекунанд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз лиҳози касбӣ озод буда, бо 27 забон барнома омода мекунад ва ҳар ҳафта беш аз 37 миллион нафарро дар 23 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русияву Украина ва Эрону Афғонистон фаро мегирад. Шумораи мухотабони Радиои Озодӣ дар моҳҳои ахир ба далели бозтоби густардаи коронавируси нав ва бахусус дар кишварҳое, ки расонаҳои давлатӣ кӯшиши кам нишон додани бемориро доштанд, афзудааст.

Ҷейми Флай моҳи августи соли 2019 раҳбари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъйин шуд. Ҳоло Дейзӣ Синделар, муовини президент ва сардабири барномаҳои Радиои Озодӣ, иҷрокунандаи вазифаи президенти радио аст.