Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия, ки пас аз баста шудани роҳи заминӣ байни давлатҳо аз ҳудуди Тоҷикистон баромада наметавонанд, чор шабонарӯз инҷониб дар сарҳади назди постгоҳи назоратии “Ойбек” қарор доранд.

Рӯзи 15 июн наздики 15 автомобил бо рақамҳои русиягӣ ба ин ҷо омаданд, лекин имрӯз шумори онҳо аллакай ба 50 адад  ва шумори мусофирони онҳо ба зиёда аз 100 нафар расида, миёни онҳо кӯдакон низ ҳузур доранд. Аз минтақаҳои ҷануби кишвар низ мошинҳо омада истодаанд.

Сурат: Asia-Plus

Одамон аз ҳукумат дархост доранд, ки “долони сабз” ташкил кунад, лекин то замоне, ки масъала баррасӣ мешавад, онҳо дар сарҳад боқӣ мемонанд: шабро дар мошинҳо рӯз карда, барои шустушӯву ҳаммом шароит надоранд ва аз гармӣ азият мекашанд.

Ҳозир танҳо тариқи роҳи ҳавоӣ бо сабт дар портали хизматрасониҳои давлатӣ то ба хона расидан имконпазир аст. Чунин хатсайрҳои ҳавоӣ ба Маскав, Екатеринбург, Сургут, Новосибирск, Красноярск ташкил карда шуданд.

Рӯзона гармии тоқатфарсо ва шабона хунук
Сурат: Asia-Plus

Лекин бо сабаби гарониии билетҳо, на ҳамаи ин ҷо будагон ба харидани он имкон доранд: бархе бо аҳли оилаашон ба ватан омадаанд. Дар ҳамин ҳол, автомашинаи шахсиро ҳам дар ин ҷо мондан ғайриимкон аст.

Одамони дар сарҳад ҷамъомада ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Ғайр аз ин, сокинони деҳоти наздик низ кумак мекунанд.

Ин ҷо занон бо кӯдакони хурдсолашон низ ҳастанд
Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи Алекс, яке аз бошандагони ин ҷо, ҳоло касе дархост накардааст, ки онҳо ин ҷоро тарк кунанд. Мошинҳои дар канори роҳ таваққуфкарда ба ҳаракати нақлиёти боркаш халал намерасонанд. Ғайр аз ин, одамони дар ин ҷо дармонда қаламрави ҷойи ҳузурашонро тоза нигоҳ медоранд.

Сокинони деҳоти наздик бо хӯрокворӣ кумак мекунанд
Сурат: Asia-Plus

... Ҳукумати Тоҷикистон, консулгарии Русия дар Хуҷанд ва сафорати Русия расман чӣ гуна ҳал шудани ин масъаларо шарҳ намедиҳанд. Қаблан зикр гардида буд, ки Консулгарии генералӣ ва Сафорат аз ин вазъият огаҳ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.