Чанд рӯз қабл дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ бо фармони худ рӯзноманигори ҷавон  Обидҷон Саидзодаро  директори Радиои Тоҷикистон таъйин намуд.

Доир ба нақшаҳои оянда дар вазифаи нав ва вазъи имрӯзаи Радиои Тоҷикистон мусоҳибае оростем бо роҳбари тозатаъини радио.

- Таъин шуданатонро ба симмати роҳбари Радиои Тоҷикистон чӣ гуна дарёфтед ва оё ин таъинот бароятон ғайриинтизор буд?

- Таъинот масъулияти касро даҳчанд мекунад. Махсусан дар замоне ҷойгоҳи иттилоот дар зиндагии инсоният мавқеи муҳим пайдо кардааст, аз масъулони ВАО дарки баланди касбиро тақозо мекунад. Ростӣ, ин тағйирот дарвоқеъ ғайриинтизор буд. Чун ба ин мақом моро сазовор донистанд, талош мекунем, ки содиқона рисолати худро иҷро намоем.

- Кадом тағйирот ва навовариҳоро аз Шумо ҳамчун роҳбари радио дар ояндаи наздик интизор бояд буд?

- Мо албатта, усули классикии Радиои Тоҷикистонро дар низоми ВАО-и ватанӣ идома медиҳем, аммо хоҳони онем, ки Радиои мо ва шабакаҳои он мисли «Овози тоҷик», «Садои Душанбе» ва «Фарҳанг» ба талаботи нави касбӣ ҳамоҳанг гардад, зеро имрӯз ВАО-и беаудитория маънои мавҷуд набудани онро низ дорад. Зиёда аз ин марҳилаҳои инкишофи журналистикаи нав бо он вазифаҳое иртибот мегирифт, ки барои тағйир ва пешрафти ҷомеа лозим ҳастанд.

- Дар Тоҷикистон зиёда аз 20 радиои мустақил фаъолият мекунанд, чӣ гуна бо онҳо рақобат хоҳед кард?

- Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 адад ташкилотҳои радиотелевизионӣ фаъолият мекунад. Аз ин 13 адад телевизиони давлатӣ, 10 адад радиои давлатӣ, 20 адад телевизионҳои хусусӣ, 23 адад радиоҳои хусусӣ, 13 адад телевизионҳои ноқилӣ, 1 адад IP телевизион фаъолият доранд, ки мавҷудияти онҳо падидаи замони Истиқлол аст ва аз рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ шаҳодат медиҳанд.

Дар бораи рақобат метавон илова кард, ки Радиои «Тоҷикистон» формати умумӣ дорад. Барномаҳояш ба тамоми қишрҳои ҷомеа – кӯдакону наврасон, ҷавонон, занон, аҳли илму адаб, коргару деҳқон ва умуман ба хосу ом нигаронида шудаанд. Ман худам дар ин замина пажӯҳиш кардам  ва ба хулосае омадам, ки – аз рӯйи характери маҳал ё ҷуғрофияи пахш (шаҳрӣ – «Садои Душанбе», ҷумҳуриявӣ – радиои «Тоҷикистон» ва бурунмарзӣ – «Овози тоҷик»); – аз рӯйи вазифа (оммавӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ);– аз рӯйи соҳа (саноат, иқтисод, хоҷагии қишлоқ, бонкдорӣ, санъат, фарҳанг, тиб, варзиш ва ғайра);– аз рӯйи давомоти пахш ( ҳаррӯза, ҳафтавор, моҳнома, мавсимӣ, ҷашнӣ ва ғайра); – аз рӯйи завқ ва синну соли шунавандагон; (кӯдакон, ҷавонон, занон, калонсолон ва ғайра) – аз рӯйи вақти пахш; (барномаҳои субҳгоҳӣ, нисфирӯзӣ, шомгоҳӣ ва барномаҳои шабҳангом) метавон мавзӯро баррасӣ кард.

Обидҷон Саидзода

Ҳамчунин, дар Радиои «Тоҷикистон» бо мақсади инъикоси муассири масъалаҳо нафарони касбу кори гуногун – рӯзноманигорону публитсистон, сиёсатмадору ҷомеашиносон, олимону муҳаққиқон, адибону омӯзгорон, коршиносону масъулини мақомоти давлатӣ ва намояндагони соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ҷалб мешаванд. Ҳатто онҳо дар шаклгирии барномаҳо иштирок мекунанд. Ин ҳамкорӣ аз чанд ҷиҳат барои мо манфиатбор шудааст. Аввалан, доманаи мавзӯот васеътару рангинтар гардида, ба ҳолати қабули  аудиторияи умумӣ мувофиқ мешавад, баъдан, инъикоси воқеияти рӯз ва баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ аз диду назари гуногун ва фарогирии ҷанбаҳои мухталиф сурат мегирад. Ниҳоятан, муносибат ба мавзӯъ ва масъалаҳои инъикосшуда то андозае демократӣ гардида, оммавияти радиои мо метавонад вусъат пайдо кунад. Имрӯз Радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он тавассути зеридораҳои ахборӣ, таҳлилӣ, ҷавонӣ варзишу сайёҳӣ, мусиқӣ мавзӯъ ва масъалаҳои муҳими аҳаммияти умумииҷтимоӣ ва умумимиллӣ доштаро 94 соат дар як рӯз матраҳ менамоянд, дар ифшои камбудиҳо ва собит сохтани онҳо боҷуръатона сухан меронанд, дар баррасии қазияҳои байналхалқӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал мегузоранд. Ин хусусиятро дар радиоҳои дигар, бахусус радиоҳои мустақил амсоли «Ватан», «Азия плюс», «Имрӯз» низ мушоҳида мекунем. Ин типи радиоҳо дар интихоби мавзӯъ ва муносибат ба он шеваи ба худ хос доранд.

- Нақши радиоро барои ҷомеаи имрӯза, ки бештар ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ овардааст, чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Дуруст аст ин масъала. Фаъолияти радио бо рушди рӯзафзуни интернет то ҷое тағйир ёфт. Агар пайдоиши интернет фаъолияти тамоми расонаҳои хабариро дар марҳилаи аввал нисбатан танг намуд, дар мисоли радио бошад, ҳолати комилан мусбатро мушоҳида мекунем. Аз рӯйи хосият дар интиқоли маълумот интернет ва радио робитаи зич дошта метавонанд. Ҳоло дар фаврияти пахши иттилоъ радио пас аз интернет мавқеи дуюмро ишғол мекунад, аммо ин ба маънои рақиб будан нест, балки бо пайдоиши интернет дастрасӣ ба ахбори оҷилӣ осонтар ва роҳҳои нави иртибот бо аудитория дар қатори дигар ВАО-и урфӣ барои радио ҳам мусоид гашт.

Баҳрабардорӣ аз имконоти интернет барои радио дар дунёи муосири муносибатҳои иттилоотӣ як амали маъмулист. Танҳо радиоҳоро зарур аст, ки сохтори корӣ ва идории худро ба тамоюлҳои нави технологӣ мувофиқ намуда, муҳтавои гуфторҳояшонро ба табъи шунаванда наздик созанд. Агар динамикаи рушди ВАО-ро дар 10-15 соли ахир ба назар бигирем, аз ҳама зиёд радиоҳои гуногунтаъинот таъсис ёфтанд, ки ба пурра намудани халои фазои иттилоотӣ муосидат мекунанд. Бо назардошти рушди рӯзафзуни технологияи соҳавӣ радио ба марҳилаи нави рушд гузашт.

Мо низ дар навбати худ корро дар қолаби интернет ва шабакаҳои иҷтимоии он тақвият мебахшем. Инро ба шумо кафолат медиҳам. Ҳоло сомонаи Радиои «Тоҷикистон» (www.radiotoj.tj) фаъол буда, мо тарҳи онро такмил медиҳем. Шабакаи «Садои Душанбе» ҳам дорои сомонаи расмӣ (www.sadoidushanbe.tj) мебошад. Ба наздикӣ шабакаҳои «Овози тоҷик» ва «Фарҳанг» ҳам соҳиби сомона мешаванд. Корҳои техникиашон қариб ба анҷом расидааст. Сомонаи «Овози тоҷик» бо 7 забон таҳия мешавад.

- Шумо ҳамчун ҷавонтарин роҳбари радиои ватанӣ, барои ҷалби ҷавонон ба шунидани радио чӣ тадбирҳо ва барномаҳои мушаххасро роҳандозӣ карданиед?

- Хуб, дар сохтори радиоҳои мо мувофиқи шароити замон ба ҷойи шуъбаҳои пешин гурӯҳҳои нави эҷодӣ, шуъбаҳои кор бо сомона, гузаштан ба шакли мултимедиявӣ, ки ба талаботи замон комилан ҷавобгӯ бошад ва дар он ҳайати эҷодӣ аксариятро ташкил диҳад, таъсис хоҳад ёфт.


- Кадом суол буд, ки ман ба Шумо надодам, аммо Шумо мехостед ба он посух бигӯед?

- Радиои «Тоҷикистон» гузаштаи пурифтихор дорад. Ташаккули афкори рӯзноманигории радиоӣ ё ҳамон ибораи касбии «нигориш барои шунидан» ба аввалин радиои тоҷик хос аст. Имсол 10-уми апрел аз фаъолияти он 90 сол пур шуд. Тӯли ин солҳо радиои мо ба мактаби омода намудани журналистика табдил ёфт. Феҳристи собиқадорони мо дар ин солҳо рӯйхати тиллоиро ташкил медиҳад. Ин таҷриба, заминаи тайдоиши типҳои гуногуни радиоҳо: ҳукумативу ғайриҳукуматӣ, вилоятиву ноҳиявӣ, хусусиву тиҷоратӣ, фароғатию рекламавиро ба вуҷуд овард.  Гуногунтипии радиоҳо агар, аз як тараф, ба талаботи ҷомеа ва ҳолати қабули аудитория мувофиқ шудани мундариҷаи онҳоро фаҳмонад, аз сӯйи дигар, нишонаи тамоми соҳа, минтақаҳо, завқ, синну сол ва мавзӯоти ҳаёти иҷтимоиро фаро гирифтани он аст.

МАЪЛУМОТНОМА

Обидҷон Саидзода 29 июли соли 1986 таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи журналистикаву тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003-2008) мебошад.

Мавсуф то ҳол хабарнигори идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ (2010), мудири шӯъбаи танзими барномаҳо (2012), муҳарирри калони Идораи барномаҳои таҳлилӣ (2015) ва панҷ соли охир муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон буд.

Обидҷон Саидзода муаллифи китоби «Умре бо радио» (дар бораи яке аз собиқадорони радио ва театри тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалима Насибулина) ва дар таърихи радиои Тоҷикистон ҷавонтарин раҳбари ин дастгоҳи иттилоотии давлатӣ аст.

Хотиррасон мешавем, ки Радиои Тоҷикистон  чанд шабакаи радиои Кумитаи телевизион ва радиои   назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Тоҷикистон»,  «Фарҳанг», «Овози тоҷик» ва «Садои Душанбе»-ро дарбар мегирад, ки ҳар яке самти хоси худро дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.