Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология озмун эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар озмун шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳҳои эҷодӣ, олимону коршиносоне ки дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд, иштирок карда метавонанд.

“Иштирокчиён нигоштаҳои худро (асар ё мақолаҳо) оид ба масоили мухталифи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, раванди татбиқи энергияи сабз, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, замин, олами набототу ҳайвонот ва дигар масъалаҳои экологӣ, ки дар васоити ахбори омма нашр намудаанд, ба озмун пешкаш менамоянд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, шумора ва ҳаҷми асару мақолаҳои ба озмун пешниҳодшаванда бемаҳдуд буда, иштирокдорон нигоштаҳои худро метавонанд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод намоянд.

Озмун аз як давр иборат буда, аз 30 июни соли 2020 оғоз ва дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист - 4 июни соли 2021 ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун ва иштирокдорони фаъол бо маблағ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд: ҷойи якум - 10 ҳазор сомонӣ; дуюм - 8 ҳазор сомонӣ, сеюм - 5 ҳазор сомонӣ ва ба иштирокчиёни фаъол - 10 туҳфаи хотиравӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.