Телевизиону радио, рӯзномаву сомона ва агентиҳои иттилоотӣ, дар умум ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба зиндагии рӯзмарраи мо чунон ворид шудаанд, ки бидуни онҳо ҳаёти имрӯзаро тасаввур кардан мушкил аст. Аз ин сабаб донистан ва омӯхтани саводи расонаӣ барои коргару роҳбар, кӯчарӯбу муаллим, низомиву духтур, ҳар корбари интернет ва дигарон муфид хоҳад буд.

Бинобар ин, имрӯз тасмим гирифтем ба хонандагон дар бораи “Саводи расонаӣ” ва манфиатҳои он маълумот дищем. 

Саводи расонаӣ чист?

Саводи расонаӣ - маҷмӯи маҳорат ва қобилиятҳоеянд, ки ба одамон имкон медиҳанд, паёмҳо ва маводи ВАО-ро дар шакл ва жанрҳои гуногун таҳлилу арзёбӣ кунанд.

Саводи расонаӣ шахсро водор мекунад, ба он чизҳое, ки тамошо мекунад, мебинад ва мехонад интиқодӣ назар кунад. Он боз ба истеъмолкунандагони иттилоот имкон медиҳад, ки хабарҳои сомонаҳоро таҳлил кунанд, то дар он тарғибот, сензура ва ё яктарафагии иттилоъро дарк кунанд. Инчунин саводи расонаӣ барои фаҳмидани унсурҳои сохторӣ - ба монанди кӣ будани соҳиби ВАО, аз куҷо маблағгузорӣ шудани он ва ғайра, ки ба расонидани иттилоъ таъсир расонида метавонанд, ёрӣ мерасонад.

Ҳадафи саводнокии расонаӣ ин саводи расонаии мардумро боло бурдан ва мусоидат намудан барои дарки афзалиятҳо ва маҳдудиятҳои ВАО-и гуногун мебошад.

Саводи расонаӣ ба мо чӣ медиҳад?

Саводи расонаӣ барои шаҳрвандон имкониятҳои зеринро медиҳад:

- Таҳлил, арзёбӣ ва саволгузории иттилоти шунида, дида ва хонда;

- Шинохти тарғибот, сензура ва ҷалбсозӣ дар маводҳои ВАО;

- Муайян намудани молики расона ва модели маблағгузориву таъсири он ба мундариҷаи иттилоот;

- Ошкорсозӣ ва шинохти паёмҳои сиёсию иқтисодӣ;

- Баҳодиҳӣ ба муаллифи маводи интишоргардида;

- Муқоисаи арзишу ақидаҳои худ бо арзишу ақидаҳои расонаҳо паҳн мекарда;

- Меомӯзонад, то худи шахс расонаи мустақил таъсис диҳад ва худро чун шаҳрванди фаъол ва серталаб муаррифӣ намояд; 

Консепсияҳои асосии саводи расонаӣ:

1. Паёмҳои расона аз ҷониби шахс ё гурӯҳи одамон (ташкилот) таъсис дода мешаванд.

2. Паёмҳои расона аз ҷониби шахс ё гурӯҳи одамон (ташкилот) таъсис дода мешаванд.

3. Ҳар як паём барои ноил шудан ба ҳадафҳои мушаххас таҳия мешавад.

4. Паёмҳо як нуқтаи назар ё системаи бовариро дар бар мегиранд.

5. Ҳамаи паёмҳо як нуқтаи назар ё системаи эътиқодҳоро дар бар мегиранд.

6. Одамони гуногун метавонанд паёмҳоро бо роҳҳои гуногун шарҳ диҳанд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!