Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи 24 май ҷиҳати иштирок дар сафороии низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Маскав меравад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва ёвари прзидент оид ба масоили сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Пас аз анҷоми гузашт Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе бармегардад.

Дар сафороии низомӣ дар Маскав инчунин сарони кишварҳои Қазоқисстон Қосим-Жомарт Тоқаев, Молдова Игор Додон, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Беларус Александр Лукашенко, Абхозистон Аслан Бжания, роҳбари Осетияи Ҷанубӣ Анатолий Бибилов, президенти Сербия Александр Вучич, президенти Хорватия Зоран Миланович ва президенти Фаластин Маҳмуд Аббос иштирок мекунанд.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян бинобар сабаби шиддати вазъи марбут бо сироят коронавирус дар кишварҳояшон сафари қаблан тарҳрезишудаашонро бекор карданд.

Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов низ ба Маскав нарафта, ба ҷойи ӯ Туркманистонро дар гузашт вазири мудофиаи ин кишвар Бегенч Гундогдиев намояндагӣ мекунад.

ТАСС

Дар ин гузашти низомии Ғалаба аз иштироки наздики 15 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва беш аз 200 адад техника, инчунин тибқи маълумоти пешакӣ, 75 адад ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ интизорӣ меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.