Имрӯз, 22 июн дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласаи Шӯро тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” баррасӣ шуданд, ки дар онҳо манъи кори якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзии давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин кор барои пешгирии хавфҳои амалиётии марбут ба фаъолият ё бефаъолиятии онҳо анҷом дода мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти МНМО ҶТ, мақсад аз қабули лоиҳаи қонун пурзӯр намудани низоми назорат аз болои фаъолияти бонкҳо ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории ҷорӣ ва амалияи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи қонуни «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» низ баррасӣ шуд, ки таъмини кафолати пардохтҳои суғурта, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон ва ё фоидагирандагон ҳангоми расонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт зимни истифодабарии воситаҳои нақлиёт, ки ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии худро суғурта кардаанд, равона карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.