Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба “Азия-Плюс” доир ба чӣ гуна билет харидан ба хатсайрҳои чартерӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия ба ватан меоранд, изҳори назар кард.

- Дар навбати аввал киҳоро бо ин хатсайрҳо ба ватан меоранд?

- Айни замон дар сафорат дар Маскав, консулгариҳои генералӣ дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Қазон рӯйхат тартиб дода истодаем. Дар навбати аввал занон бо кӯдакони хурдсол, занони ҳомила, шахсони пиронсол ва беморони вазнин сабти ном ва ба ватан бурда мешаванд. Дар идома шахсоне ба рӯйхат дохил хоҳанд шуд, ки қаблан бо корҳои хизматӣ ба Русия омаданду маҷбур ин ҷо дармондаанд.

Ба дигарон лозим меояд, ки дубора барқарор шудани иртиботи ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистонро интизор шаванд.

- Чанд парвоз бо хатсайрҳои чартерӣ ба нақша гирифта шудааст?

- Аз Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳо 8 парвоз тариқи хатсайрҳои чартерӣ пешбинӣ шудааст.

- Арзиши билетҳо чӣ қадар мешавад?

- Арзиши билетҳоро ширкатҳои ҳавопаймоӣ муқаррар мекунанд. Агар ҳукумати Русия ба ширкатҳои ҳавопаймоии мо ҷиҳати бурдани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон иҷоза диҳад, нархи билет аз як самт ҳисоб мешавад. Лекин агар ҳавопаймоҳо ба Русия холӣ парвоз кунанд, табиист, ки нархи билет боло меравад.

- Рӯзҳои парвоз ва арзиши билетҳо кай маълум мешаванд?

- Рӯзи дақиқи парвоз, оғози фурӯши билет ва арзиши онҳо танҳо баъд аз гирифтани иҷозаи ҳукумати Русия барои парвоз маълум мешаванд.

- Пас аз эълони хатсайрҳои чартерӣ чӣ қадар муроҷиат гирифтед?

- Дар ҳамаи шаҳрҳои Русия дар бораи беш аз 1000 кас сухан меравад, ки ба ин хатсайрҳо худро номнавис кардаанд. Танҳо дар Маскав давоми се рӯз зиёда аз 800 нафар худро ба қайд гузоштанд. Табиист, ки байни онҳо шаҳрвандоне низ қарор доранд, ки ба шартҳои дар боло зикркардаи ман мувофиқ нестанд.

Дар назди сафорат ва консулгариҳои генералӣ комиссияҳо таъсис дода шудаанд, ки ба ҳайати он тамоми роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони диаспораҳо шомиланд. Комиссия ҳар як муроҷиатро баррасӣ мекунад. Агар муроҷиаткунанда ба шартҳои дар боло зикршуда мувофиқ ояд, ӯро ба рӯйхат дохил мекунанд. Вақте ки рӯзу соати парвоз муайян шуд, мо бо онҳо дар тамос шуда, хабар медиҳем, ки билет харанд. Як рӯз пеш аз парвоз огоҳ мекунем.

- Агар дигар шахсон харидани билетро ба хатсайрҳои чартерӣ пешниҳод кунанд, чӣ мебояд кард?

- Агар касе чунин билет пешниҳод кунад, нахаред, зеро онҳо қаллобу фиребгаронанд. Ба фурудгоҳ рафтану ба хазинаҳои билетфурӯшӣ занг задан барои харидани билет зарурат надорад. Билетҳо танҳо мувофиқи рӯйхати аз ҷониби комиссия таҳияшуда фурӯхта мешаванд. Зимни фурӯши билетҳо намояндагони комиссия ҳам ҳузур хоҳанд дошт, то ки онро назорат кунанд.

- Иртиботи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия кай дубора барқарор мешавад?

- Умедворем, ки агар вазъи эпидемиологӣ имкон диҳад, аллакай ба наздикӣ иртиботи ҳавоӣ барқарор мешавад. Дида истодаем, ки тамоюл мусбат мешавад ва агар ба ин тариқ идома ёбад, ба наздикӣ боз мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, 22 июн ширкати ҳавоии "Уралские авиалинии" нахустин аз панҷ парвози чартерӣ барои берун бурдани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистонро анҷом дод, ки мусофиронро то Новосибирск ва Екатеринбург мерасонад.

Гуфта мешавад, бештаре аз мусофирони парвози мазкур ба Русия тоҷиктабороне буданд, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

Боз чор парвози минбаъдаи баровардани шаҳрвандони Русия то 1 июл анҷом дода мешаванд: 2 парвоз ба Маскав, 1 парвоз - ба Қазон ва 1 парвоз - ба Санкт-Петербург.

Ёдрас мекунем, ки барои номнавис шудану дарёфти билет ба ин хатсайрҳо худро дар сомонаи Хизматрасонии давлатии Русия ба қайд гузоштан лозим аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.