Даҳ рӯз инҷониб шаҳрвандони Русия дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, назди постгоҳи гумрукии “Ойбек” қарор доранд. Ин ҷо аз ҳамаи гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, шумори мусофирон аллакай ба зиёда аз 500 нафар ва мошинҳо қариб 140 адад расидааст. Ҳамаи мошинҳо дорои рақамҳои Русия мебошанд.
Ин шаҳрвандони Русия умедворанд, ки аз кишвар бо роҳи заминӣ раванд ва иҷозаи додани долони “сабз”-ро мунтазиранд. Лекин масъала то ҳол роҳи ҳалли худро намеёбад ва одамон маҷбуранд, ки дар шароити саҳро зиндагӣ кунанд: аз офтоби сӯзон (то +45 дараҷа) пинҳон шуда, шабона дар мошинҳо мехобанд.
Ба ҷуз калонсолон, ин ҷо оилаҳо бо кӯдакони хурдсол низ ҳастанд. Аз гармои тоқатфарсо хаста шуда, онҳо дар мошинҳо пинҳон мешаванд ва зери он мехобанд. Калонсолон доимо интизори хабарҳоянд.
Тасмими бо роҳи заминӣ аз кишвар рафтани ин одамон қатъӣ буда, то замони гирифтани иҷоза омодаанд, ки дар сарҳад бимонанд.
Онҳо илоҷи дигар надоранд: ба харидани чиптаҳои ҳавопаймоӣ имкон надошта, мошини шахсиро ҳам ин ҷо гузошта наметавонанд. Нархи чиптаи ҳавопаймоӣ 400 евро буда, баъзе оилаҳо ин ҷо 8-9 нафаранд, ки билет хеле гарон меафтад.
Дар партави ин ҳама вазъи ногувор шаҳрвандони дармонда ба хотири ҷашнгирии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ парчами Русияро парафшон кардаанд.
“Мо имрӯз бо ҳамаи мардуми Русия ҳамраъйем. Ҳарчанд ҳозир аз хона дурем ва вазъамон он қадар хуб нест, андешаҳоямон онҷост ва аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хурсандӣ мекунем”, - мегӯянд мардон.
...Дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин масъала аз ҷониби Тоҷикистон ҳал шудааст. “Ҷониби Тоҷикистон ба хориҷ шудани шаҳрвандони Русия иҷоза дод”, - гуфтанд дар хадамоти матбуоти Вазорат.
Акнун ҳукумати Русия бояд бо Ӯзбекистону Қазоқистон ба тавофуқ бирасад, то ки шаҳрвандони дармонда тариқи қаламрави ин кишварҳо гузашта тавонанд.
Консулгарии Русия дар Хуҷанд ва сафорати Русия дар ин хусус маълумоти расмӣ намедиҳанд. Қаблан зикр гардида буд, ки онҳо аз қазия хабардор буда, фаъолона дар пайи ҳалли масъалаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд
Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста