Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи моҳи феврали соли равон имзошударо байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар бораи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар шарҳи ин масъала вазири молияи Тоҷикитсон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки барои татбиқи лоиҳа БАТР 4 млн доллар ҷудо мекунад, ки 2 млн доллари он ба сифати грант аст.

Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа БАТР ба сифати кумаки техникӣ боз 850 ҳазор евро маблағи дигар ҷудо месозад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар садҳо иншооти нав - манзилу меҳмонхона, тарабхонаву марказҳои савдо ва ғайра сохта шуданд. Шумори аҳолӣ низ босуръат меафзояд. Ҳамзамон бо ин мушкилоти шаҳрҳо низ зиёд мешавад, ки яке аз рӯзмарраашон коркарди партовҳо мебошад.

Ба гунаи мисол, шаҳри Кӯлоб аз 75 кӯча иборат буда, хадамоти коммунали ҳамагӣ аз 21-тои он партов мебароранд. Партови боқимонда 36 кӯча наҳру ҷӯй, пиёдагарду майдонҳои холиро фаро гирифта, чандин сол аст, ки вазъи анисанитариро ба вуҷуд меоранд.

Сойи Тебалай, ки аз маркази шаҳри Кӯлоб ҷорӣ мешавад, метавон гуфт имрӯз ба партовгоҳ табдил ёфтааст. Шишаҳои пластикӣ ва бастаи партовҳои рӯйи об шинокунанда ҳолати муқаррарии имрӯзаи сойи Тебалай аст.

Бузургтарин партовгоҳи кишвар дар канори шарқи шаҳри Душанбе, 11 километр дуртар аз пойтахт воқеъ мебошад. Ҳамарӯза даҳҳо мошини корхонаи манзилию коммуналии шаҳр бо даҳҳо ҳазор тонна партов ба ин ҷо меоянд. Майдони бузурги 20 гектар пур аз кӯҳҳои тӯдаи партовҳо аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.