Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд  гурӯҳи табибони Лаҳистон имрӯз, 24-уми июн аз Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент боздид карданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, табибони лаҳистонӣ бо пизишкони беморхонаи мазкур  роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ин беморӣ мубодилаи афкор кардаанд.

Акс аз торнамои moh.tj

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9-июн як гурӯҳ пизишкони Лаҳистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ сафар карда, бо ҷараёни табобати беморони COVID-19 шинос шуданд. Раиси вилоят Ёдгор Файзов рӯзи 13-уми июн онҳоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора дафтари матбуоти дастгоҳи раиси ВМКБ хабар додааст. 

“Мо аз табибони вилоят чунин натиҷаро интизор набудем. Онҳо дониши баланд доранд, нисбат ба фаъолияти худ хеле ҷиддӣ ҳастанд. Заҳмати имрӯзаи онҳо аз худ қаҳрамониро мемонад, - иброз доштанд зимни суҳбат табибони Лаҳистон. - Барои мо боиси тааҷҷуб аст, ки дар ин минтақа фавти кӯдакону ҷавонон ба назар нарасид. Шахсоне, ки фавтиданд, касалиҳои дигар и музмин низ доштанд. Бинобар ин, фаъолияти табибони ВМКБ  барои мо ҳам як таҷрибаи назаррас хоҳад буд”.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи сездаҳнафараи табибони Лаҳистон бо ҳамроҳии 3 коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шоми 6-уми июн ба Тоҷикистон омаданд ва то имрӯз ба манотиқи гуногуни кишвар сафар карда, бо фаъолияти якчанд беморхонаву муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд. Онҳо тайи як моҳ бо пизишкони тоҷик табодули таҷриба мекунанд.

Инчунин 14-уми июни соли равон гурӯҳи дуюми табибони Лаҳистон ва коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иборат аз 9 нафар ба Тоҷикистон омаданд.

Қаблан ҳам бо мақсади табодули таҷриба бо пизишкони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 табибони варзидаи Ӯзбекистон ва Чин ба Тоҷикистон омада буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.