Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандонаш тариқи парвозҳои махсус аз ҷониби Русия иҷоза гирифтааст, хабар дод манбаъи “Азия-Плюс” дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

“Хатсайри чартерии якум рӯзи 25-уми июн аз Маскав парвоз мекунад. Нархи чиптаҳо то ҳол маълум нест, он бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ мувофиқа шуда истодааст. Пас аз чанд муддат нархи чиптаҳо маълум ва аз кадом фурудгоҳ парвоз кардани ҳавопаймо муайян мешавад”, - гуфт манбаъ.

Вай афзул, ҳукумати Русия ба ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷик барои бурдани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон ҳам иҷоза додааст. “Рӯйхати шаҳрвандонро сафорати Русия дар Тоҷикистон тартиб дода, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ пешниҳод мекунад”, - иброз дошт манбаъ.

Чиптаҳо танҳо мувофиқи рӯйхат

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба “Азия-Плюс” гуфта буд: “Чиптаҳо танҳо мувофиқи рӯйхати аз ҷониби комиссия таҳияшуда фурӯхта мешаванд. Агар ҳукумати Русия ба ширкатҳои ҳавопаймоии мо ҷиҳати бурдани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон иҷоза диҳад, нархи билет аз як самт ҳисоб мешавад. Лекин агар ҳавопаймоҳо ба Русия холӣ парвоз кунанд, табиист, ки нархи билет боло меравад”.

Ӯ инчунин қайд карда буд: “Дар навбати аввал занон бо кӯдакони хурдсол, занони ҳомила, шахсони пиронсол ва беморони вазнин сабти ном ва ба ватан бурда мешаванд. Дар идома шахсоне ба рӯйхат дохил хоҳанд шуд, ки қаблан бо корҳои хизматӣ ба Русия омаданду ин ҷо дармонданд”.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон барои баргардондани шаҳрвандонаш аз Русия 8 парвози махсус ба нақша гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.