Шумори коргарони хориҷӣ, ки бо раводиди корӣ ба Русия меоянд, соли 2021 қариб ба миқдори 40 ҳазор нафар - аз 144 583 то 104 993 кам шуда метавонад. Дар ин бора “Российская газета” бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат хабар медиҳад.

Маҳз Вазорати меҳнат ба муайян кардани талаботи ҷалби коргарони хориҷӣ аз кишварҳое, ки барои вуруди шаҳрвандонаш ба Русия гирифтани раводид (виза) зарур аст, масъул мебошад.

“Ин квота бояд то 15-уми ноябр муайян шавад. Айни замон лоиҳаи санад мавриди баррасии ҷомеа қарор дорад, - шарҳ додаанд дар хадамоти матбуот. - Коҳиши ҳиссаи коргарони хориҷӣ дар соҳаҳое чун идоракунии амволи ғайриманқул; фаъолият оид ба хизматрасонии бино ва қаламравҳо; ҷангалпарварӣ ва хоҷагии ҷангал, коркарди чӯб ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ва пӯк, ба ҷуз мебел ва як қатор дигар соҳаҳо пешбинӣ мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати меҳнат таъкид доштаанд, ки ин ҷо танҳо сари қисмате аз муҳоҷирони корӣ сухан меравад. Шаҳрвандони давлатҳое, ки барои ворид шудан ба Русия бе раводид ҳуқуқ доранд (кишварҳои ИДМ ва ИИАО), бо тартиби содашуда тибқи патент дар Русия ба кор медароянд.

Агар лоиҳаи санад бе тағйирот тасдиқ шавад, дар ин ҳолат танҳо қисмате аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар бахшҳои кӯҳкорӣ, корҳои кӯҳӣ-асосӣ, сохтмону ва насбу таъмир машғули коранд, ба Русия омада метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.