Миёни шаҳрвандони чанде қабл аз Қазоқистону Ӯзбекистон ба ватан баргаштаи Тоҷикистон боз дар 15 нафари дигар коронавирус ошкор шуд. Ба ин тариқ, шумори умумии сироятёфтагони коронавирус байни онҳо ба 45 нафар расид.

Ҳамаи онҳо дар беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда, зери муоинаи табибон қарор доранд.

“Бемории ҳамаи онҳо бе аломат аст, худро хуб ҳис мекунанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, онҳо асосан муҳоҷирони синни 30-36-сола ва аксарашон зодагони вилояти Хатлон мебошанд.

“Дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон онҳо дер боз мунтазири бозгашт буданд ва хоҳиш доранд, ки ба хонаҳояшон ҷавоб диҳем, - қайд кард манбаъ. - Тавре маълум аст, беморони шакли сабуки коронавирус метавонанд хуро дар хона ҷудо нигоҳ дошта, қоидаҳои гигиенаро риоя намоянд. Агар аз боло супориш шавад, мо онҳоро бо як автобус ба хонаҳояшон фиристода метавонем”, - шарҳ дод манбаъ.

Лекин дар бораи маҳз аз куҷо расидани чунин супориш маълумот дода нашуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20-уми июн 553 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабаби баста будани сарҳадҳо дар гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и Қазоқистон қарор доштанд, ба ватан оварда шуданд. Боз зиёда аз 100 нафар ҳамватанон тариқи гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод” аз Ӯзбекистон ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.