Тарзи ҳаёти солим ҳарчи бештар сокинони кишварро ба худ ҷалб мекунад.  Бинобар хусусияти мусбат  доштани тренди мазкур, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба муштариёни худ портали нави  иттилоотию дилхушии «Mega Fitness»-ро пешниҳод менамояд. Дар он маълумоти муфиду ҷолибро, ки барои нигоҳдошти солимии бадан ва  тартиб додани нақшаи  фардии истеъмоли ғизо ва машқҳо равона  гардидаанд, пайдо кардан мумкин аст.        

Портале, ки метавонад  дар дастгоҳҳои мобилӣ  ва таҷҳизоти десктоп истифода бурда шавад, чунин бахшҳоро, ба монанди «Калкулятори калорияҳо», «Парҳези ман», «Ғизо», «Машқу тамрин», «Саломатӣ», дар бар мегирад. Ҳамаи ин маълумот ба муштариёни МегаФон дар суроғаи megafitness.tj дастрас аст.         Арзиши обуна ба портали «Mega Fitness» -  0,80 сомониро дар як шабонарӯз  бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ ташкил медиҳад.   

«Мизоҷони мо метавонанд маълумоти порталро мутолиа карда, машқу тамринро дар дилхоҳ ҷойи қулай гузаронанд. Дар  хона «Mega Fitness»-ро   дар компютери симӣ  пайваст кардан мумкин аст, дар ҷойҳои  дигар он бо ёрии ноутбук ё смартфон  истифода бурда  мешавад. Қисми зиёди кормандони МегаФон аллакай ба портал пайваст шуданд, то ин ки истеъмоли дурусти ғизо ва солимии  худро назорат  намоянд. Порталро тавсия медиҳем!» – иброз намуд Директори тиҷоратии ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.          

Барои обунашавӣ ба портал ирсол кардани USSD-дархости *1892#  кифоя аст.

Сипас, дар паёмаки  ҷавобӣ  аз рақами кӯтоҳ   парол  ворид мегардад.  Логин барои  дастрасӣ ба портал – рақами телефони муштарӣ  ба ҳисоб меравад. Ҳангоми истифодаи портал, трафики интернет аз ҳаҷми умумии ба  бастаи фаъоли интернетӣ дохилшуда, сарф мешавад. Барои қатъкунии обуна  рақамчинии USSD-дархости *1892*0#  лозим меояд.

Ҳангоми аввалин маротиба  пайваст кардани хизматрасонӣ, ба муштарӣ дастрасии якдафъаинаи бе пардохти абонентӣ пешниҳод карда мешавад.    Муҳлати амали давраи санҷишӣ  – 1 рӯз.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.