Сабабҳои шомилшавии ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз назари коршиносон.

Мувофиқи омори расмӣ, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, ҳудуди 1500 кас аст, аммотибқи омори ғайрирасмӣ, чанд баробар бештар.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар оғози соли 2020 беш аз 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кофтуков қарор доранд. Бештар аз 1000 тоҷикистониён дар ҷанги гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои даргир ҳалок гардида, 248 шаҳрвандон бо ихтиёри худ аз сафи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ берун ва ба Ватан баргаштаанд. Омори дақиқе дар бораи пайвастани шаҳрвандони тоҷик ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ нест, аммо маълум аст, ки бештари гаравидагон ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) ҷавонон мебошанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, сол аз сол шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав коҳиш меёбад, аммо омори дақиқе вуҷуд надорад. Гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ ва иштироки онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои даргир боиси нигаронист. 

Мо аз коршиносон пурсидем: Барои гирифтани роҳи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ нақши кадом омил таъсирбахш аст: тарғиботи давлат, мавъизаи имомхатибҳои масҷидҳо, матбуот ё сомонаҳои интернетӣ. Барои гирифтани роҳи шомилшавии ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ чӣ бояд кард?

Коҳишёбӣ саҳми кист?

Неъматулло Мирсаидов, коршинос

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари масоили сиёсӣ омилҳои асосии кам шудани ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро ба чанд омил вобаста медонад.

“Қабули Стратегияи миллӣ алайҳи ифротгароӣ ва терроризм (аз ноябри соли 2016) нахустин ҳуҷҷати барномавӣ дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ буд, ки чунин ҳуҷҷат дар сатҳи байналмилалӣ танҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст. Албатта бо барномаи мушаххас чораандешӣ осонтар аст” - мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, қариб ҳамаи сохторҳои давлатӣ ба мубориза бо ин зуҳурот бархостаанд, ки яке аз омилҳои асосии дигар аст.

“Албатта, ҳангоме ки ҳар як вазорату идора, сохторҳои ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ нақшаи амалии худро тартиб доданду аз рӯи он фаъолиятро оғоз намуданд, бешубҳа, ин корҳо бетаъсир намонданд. Вазифаҳои нави дар назди ҷомеа гузошташуда оид ба фаҳмондадиҳӣ на танҳо ҳокимияти маҳаллӣ, ходимони динро маҷбур сохт, ки канораҷӯӣ накунанд, балки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ пеш аз ҳама ба фаъолияти худ оид ба мубориза дигаргуниҳо ворид намоянд. Албатта, ҳеҷ як мубориза муваффақият пайдо намекунад, агар заминаи ифротгароӣ барҳам нахӯрад”,- афзуд ӯ.

Ба андешаи коршиноси масоили динӣ Саидаҳмад Қаландаров дар коҳиши гаравиши ҷавонони тоҷик на танҳо саҳми ҳукумат ва ниҳодҳои давлатӣ назаррас аст.

“Инҷо саҳми ВАО ва созмонҳои дигари ғайридавлатӣ низ ҳаст. Дар сартосари донишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ намояндагони ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар ҷумҳурӣ вуҷуд доранд, чи дохилӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ тавонистанд, ки то андозае моҳияти масъаларо равшантар баён кунанд. Махсусан гузаронидани чунин чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар ин самт саҳми Рамазон Раҳизода низ хуб мушоҳида мешавад. Чунки ӯ барои такмили маърифати динӣ ва дунявии кормандонаш заҳмат кашид”, - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ бо ҷалб кардани имомхатибон, намояндагони мақомоти мухталифи зинаҳои идораи ҳукумат, аз дастгоҳ, Кумитаи дин, Маркази исломшиносӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо семинарҳо гузаронид ва инҳо низ сабаб шуданд, мардум ба моҳияти аслии ҳодиса нисбатан дуруст сарфаҳм раванд.

Талабот ба размандагон коҳиш ёфтааст!

Рустам Азизӣ, коршинос

Аммо коршинос Рустам Азизӣ мегӯяд, коҳиши гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ аз коҳиши талабот ба онҳо вобаста аст.

“Шахсан ман нишонаҳои коҳиш ёфтани ифротгароиро намебинам. Ба ғайр аз оне, ки бигӯем миқдори ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваста кам шуда истодааст, аммо ин шохиса нест. Чунки дарвоқеъ талабот ба ҷанговарон ва размандагон коҳиш ёфт. Вақте ки талабот нест, албатта сафар ба минтақаҳои ҷангзада низ кам мешавад. Вале агар ба густариши андешаҳои ифротӣ дар фазои иттилоотӣ назар кунем, ман нишонаҳои коҳиши сатҳи ифротишавиро намебинам”, - мегӯяд коршинос.   

Ӯ таъкид мекунад, ки албатта корҳои фаҳмондадиҳӣ таъсир доранд, вале ҳалли он ба таври эҳсосшаванда нест.

“Аз ҳама муҳим он аст, ки ҳоло касе табли шодӣ назанад, ҳеҷ коҳиши чашмрасе ба назар намерасад. Агар барои  талабот ба размандагону ҷанговарон дар гурӯҳҳои ифротӣ зарурат пайдо шавад, ёфтани миқдори зарурии гаравандагон ба гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ, хусусан аз дохили муҳоҷирони тоҷик, он қадар душвор нест”,- илова кард коршинос.      

Рустам Азизӣ мегӯяд, стратегияи миллии мо бештар ба чораҳои қудратию зӯрӣ такя мекард, аммо дар таҳрири нав омода шуда истодааст, ки судмандтар аст.

“Ҳоло матни нав барои мубориза бо ин зуҳурот дуруст шуда истодааст, ки дар он асосан кор бо ҷомеа, фаъолони ҷомеа ва ба бештар ба баланд бардоштани огаҳӣ, устуворӣ ва ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо хатарҳои ифротишавӣ равона шудааст”,- гуфт коршинос. 

Насиҳати хушку холӣ таъсирбахш нест


Аммо дигар коршиносон иқдомҳои ҳукуматро дар роҳи мубориза бо экстремизм ва терроризм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо нокофӣ ва камтаъсир медонанд.  Ба гуфтаи коршиносон, дар баробари низоми сахт ва истифода аз мақомоти қудратӣ ҳукумат бояд ҷавононро дар Ватан бо кор таъмин намояд ва мушкилоти ҷомеаро ҳал кунад.

“Пеш аз ҳама, мубориза бар зидди ифротгароиро бояд мақомоти қудратии мо пеш барад ва ин падидаро пешгирӣ намояд. Аммо ҳукумату мақомотро мебояд иқдомҳои дигаре дар роҳи бо ҷойи кор ва музди хуб таъмин кардани ин қишри ҷомеа, таъсиси марказҳои ёрии равонпизишкӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд, роҳандозӣ кунанд. Чун насиҳатҳои хушку холӣ он қадар таъсирбахш нестанд. Ҷавонон бояд дар кишвари худ роҳи дурусти зиндагиро пайдо кунанд ва на ба муҳоҷират раванду на ба Сурияву дигар кишварҳои даргир”, - мегӯяд коршиноси тоҷик Лола Олимова.

Ӯ таъкид мекунад, ки фақат бо ҷойи кор таъмин кардан кофӣ нест, чун одамони дорою сарватманд низ ба сафи чунин гурӯҳҳо мепайванданд.

“Дар кишвари мо ва дигар кишварҳо ҳастанд ҳолатҳое, ки бо вуҷуди доштани кор ва имкониятҳои хуби молӣ ҷавонон фиреб хӯрдаву ба сафи чунини гурӯҳҳо ворид мешаванд. Чи сабаби асосӣ ё мушаххас, ки як нафарро ба ин гурӯҳҳо тела медиҳад, то ҳол муайян нашудааст. Вале чизи аз ҳама асосӣ доштани дониши кофӣ ҳам аз ҷиҳати динӣ ва ҳам аз ҷиҳати дунявӣ аст. Танҳо дар ин сурат мо метавонем ҷавононамонро аз роҳи ифротгароӣ баргардонем”,- гуфт Олимова.

Адолати иҷтимоӣ ва терроризм

Саидаҳмад Қаландаров

Коршиноси тоҷик Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, ноадолатиҳои иҷтимоӣ низ метавонанд сабаби гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ гарданд.  

“Ҳукумат талош дорад бештар ҷойи корӣ муҳайё кунад ё ақаллан сатҳи маошро баланд бардорад, вале бисёр вақт риоя нашудани ҳуқуқи инсон, дар маҳалҳо, дағалона риоя нашудани талаботи адолати иҷтимоӣ то ҳол ба афзоиши сафи тундравон мусоидат мекунад. Албатта, хуб мешуд мо ифротгари ҳақиқиро аз онҳое, ки гумроҳ шудаанд, тавонем ҷудо карда гирем ва беасос нисбати гумроҳшудагон ҷазои сахтро раво набинем”.

Коршиноси масоили динӣ Саидаҳмад Қаландаров низ мегӯяд, сиёсати ҳукуматро бо дархости мардум мувофиқ кардан беҳтарин усул аст.

“Албатта, барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин зуҳурот пеш аз ҳама, роҳ надодан ба оҳангҳои таҳқиромез ба самти хоҳ мухолифон, хоҳ ақидаҳои вуҷуддошта, бо нармӣ ва бидуни таҳқир сӯҳбат карда тавонистан, андешаҳои дигаронро низ ба назар гирифтан ва сиёсати имрӯзаро бо дархостҳои мардум мувофиқ кунонидан, беҳтарин усул аст. Аслан мо мушоҳида мекунем, ки аз ду самт ҳам аз самти гуногунандешҳое, ки ба сиёсати давлат муқобил ҳастанд, махсусан напазируфтани андешаҳо, муваффақона дар самти ҳамгироӣ ҳамоҳанг кардани андешаҳои тарафайн саҳм гузоштан ва ин маҷроро дуруст кардан, беҳтарин кор дар муқобили пешгирии ҳама гуна тундгариҳои динӣ ва ҳам дунявӣ мешавад”, - гуфт Қаландаров.  

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!