Гирду атрофи майдони ба номи Айнӣ дар Душанбе панҷара гирифта шуда, дар доираи Нақшаи генералии пойтахт навсозӣ мешавад.

Ҷазирае дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва хиёбони ба номи Рӯдакӣ яке аз рамзҳои пойтахт мебошад.

Майдон соли 1978 ба ифтихори таҷлили ҷашни 100-солагии Садриддин Айнӣ - асосгузори адабиёти муосири тоҷик ифтитоҳ шуд.

Дар атрофи муҷассамаи Айнӣ ҳайкалу нимпайкараҳои қаҳрамонони асарҳои ӯ қомат афрохтаанд. Онҳо муборизаи синфи коргар бар зидди истисморгарон, раҳоӣ аз сохти кӯҳнаро таҷассум мекунанд.

Бо назардошти сурати лоиҳа, муҷассамаи нав сохта мешавад, ба ҳар ҳол, ҳайкали нависанда он ҷо дигар аст. Ба ҳамин шакл боқӣ мондани дигар ҳайкалҳо маълум нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.