Зиёда аз 1000 нафар беморони коронавирус дар Тоҷикистон онро дар шароити хона табобат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳолати ин беморон қаноатбахш буда, онҳо зери назорату муоинаи табибони оилавӣ қарор доранд ва дар хонаашон муолиҷа мегиранд.
“Шакли сабуки бемории аксари одамонро дар хонаи муолиҷа кардан мумкин аст. Табиби оилавӣ бояд аз ин огоҳ бошад, вазъи солимии онҳоро донад ва ҳолаташонро назорат кунад”, - гуфт ба “Азия-Плюс” сардухтури бемориҳои шуш (пулмонолог)-и Вазорати тандурустӣ Ҳакима Аҳмедова.
Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки танҳо табиб пас аз муоина метавонад муолиҷаи хонагӣ таъин кунад.
“Ҳатто ҳангоми шакли сабуки беморӣ ба духтур муроҷиат кардан лозим аст ва танҳо табиб муолиҷаи хонагӣ ё бистарӣ шудан дар бемористонро муайян карда метавонад. Зимни муолиҷаи хонагӣ низ риояи қоидаҳои гигиена, ниқоб пӯшидан ва худро аз дигарон ҷудо нигоҳ доштан зарур аст”, - илова кард табиб.
То шоми 30 июн шумори сироятёфтагони коронавирус дар Тоҷикистон 5 ҳазору 954 нафар ва теъдоди шифоёфтагон 4 ҳазору 568 касро ташкил дода, 256 нафар дар муассисаҳои тиббӣ зери муоинаи духтурон қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста