Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки  моҳи июл дар кишвар ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Ҳарорат дар ин давра метавонад то 45 дараҷа боло равад.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КҲФ Умеда Юсуфӣ хабар дод, болоравии ҳарорат дар минтақаҳои баландкӯҳ ба обшавии барфу пиряхҳо ва серобшавии дарёҳо боис мегардад, ки дар навбати худ метавонад ба фаромадани селу ярч ва сангреза оварда расонад.

Кумита ба хотири пешгирии осеб дидан аз гармии тоқатфарсо як қатор тавсияҳо медиҳад, ки манзуратон мегардонем:

Инак:

* тӯли рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшида нигоҳ доред, бахусус, агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво дар кӯча поин аст, метавонед тирезаҳоро боз монед, агар ин бехатар бошад;

* ҳангоми тоза кардани ҳавои манзил дар рӯзҳо ва шабҳои гарм кӯдаконро дар хона танҳо нагузоред;

* як обпоши одӣ харед ва ҳангоми гармӣ манзил ва атрофро об пошед;

* агар дар хона ҳавополо доред, талош накунед ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоед. Маъмулан ҳама гуна касалиҳои вобаста ба сармохӯрдагӣ дар тобистон бар асари нодуруст истифода шудани дастгоҳҳои сардсози ҳаво дар хона ва сӯистифода аз нӯшокиҳои сарду яхмос ба вуҷуд меоянд;

* нагузоред, ки ҳарорати баданатон хеле гарм шавад, бештар об нӯшед. Баданатонро бо оби сард пок кунед, вориди душ шавед, аз саратон об резед, пойҳоятонро муддатҳо дар оби сард нигоҳ доред;

* аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед, ҳамеша дар соя бошед. То имкон доред, дар гармо аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин ҳам парҳез кунед;

* дар тан либос аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;

* бештар об нӯшед ва мева истеъмол кунед. Меваҳо дорои ҳар гуна витамину минералҳо мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нӯшед. Бубинед, ки об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад ва бар асари он сироятпазирии бадан меафзояд. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез кунед;

* бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯйи имкон ҳавополои онро фаъол кунед;

* шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед (дар ҷое, ки шамолрас бошад); ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил кунанд;

бахусус, ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард. Қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя кунед.

Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мекашанд, дар гармо чӣ бояд кунанд?

1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошт.

2. Ҳатман он доруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, бояд истеъмол намуд.

3. Бо худ бояд оби бегаз дошт.

4. Рӯймол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро бо он тар карда, ба ин васила ҳарорати бадани худро муътадил нигоҳ дошт.

5. Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед, аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.

6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.

7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшед.

8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.

9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.

10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол накунед ва сигор ҳам накашед.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, дар ин айём аксари мардум талош мекунанд истироҳати худро дар соҳили кӯлу дарёҳо гузаронанд. Табиист, ки ҳадаф ба ҷуз истироҳат шиноварӣ низ мебошад.

Вале ин фасли гарм ва ҳузур дар соҳили кӯлу дарё қоидаҳои худро дорад. На ҳама шиноваранд ва на ҳама аз ин гуна қоидаҳо бохабар. Мо ҳар сол шоҳиди марги одамони зиёд дар обҳо мешавем, ки аксари онҳо бар асари беэҳтиётӣ ва надонистани одитарин қоидаҳои шиноварӣ рух додаанд.

Барои дурӣ ҷустан аз ҳар гуна ҳодисаи нохуш ва фоҷиа бояд як қатор қоидаҳои рафтор дар обро донист:

- аксари одамон на барои он ғарқ мешаванд, ки шиноварӣ наметавонанд, балки аз он ба фоҷиа мепечанд, ки аз соҳил дур мераванд ва ҳангоми бозгашт қувваташон намерасад. Дар ин ҳол онҳо ба воҳима дода мешаванд ва ҳисси боварӣ ба худ гум мешавад.

- танҳо баъди 1,5 - 2 соати ғизо хӯрдан, метавон оббозӣ кард;

- оббозӣ дар обҳои озод дар ҳарорати камтар аз 15 дараҷа гармии об тавсия намешавад, зеро дар ин гуна ҳолатҳо эҳтимоли ногаҳон аз ҳуш рафтан вуҷуд дорад ва табиист, ки одами аз ҳушрафтаро марг таҳдид мекунад;

- набояд дар ҷойҳое, ки ношиносанд, ғаввосӣ кард, зеро дар қаъри он санг, кундаҳои гурмдор, арматурҳои сохтмонӣ мавҷуд буда метавонад;

 - то назди заврақҳои муҳаррикдошта шино накунед, чунки ҳангоми наздик шудани заврақ, сатҳи об боло меравад ва баъди гузашта рафтани он, сатҳи об якбора паст шуда, метавонад боиси ғарқшавии шахс гардад;

- барои оббозӣ ҳатман ҷойеро бояд интихоб кард, ки махсус муайян шудааст;

- аз соҳил дур наравед;

- дар ҷойҳое, ки обсабзаҳо мерӯянд, набояд шино кард, чунки хатари ба онҳо печидан ва дар гирдоб ғарқ шудан пайдо мешавад;

- набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об ба он ворид шуд;

- дар ҳоли мастӣ оббозӣ кардан қаъиян манъ аст;

- набояд бо бистарҳои дамдодашуда, камераҳои мошинҳо, бозичаҳои резинии дамкардашуда оббозӣ кард. Онҳо метавонанд дар об даранд ва инсон ногаҳон зери об монад ва дар ин ҳол хатари фоҷиа зиёд аст;

 - агар шумо оббозӣ карда наметавонед ва нохост вориди об шудед, дар об рӯболо бихобед, дастонатонро ба ду тараф кушоед, метавонед чуқур-чуқур ва тез-тез нафас кашед;

- набояд касеро ба об тела дод, бахусус, агар вай аслан бехабар бошад, чун ин ҳолат ба касони ҳассос метавонад марговар бошад;

- дар об ҳангоми оббозӣ набояд саргарми ҳар гуна бозиҳо шуд. Агар шумо басуръат ба шарикатон наздик мешавед ва ӯро аз пояш мекашед, дар ин ҳолат шарики шумо метавонад ба қаъри об фурӯ равад ва нафасгир шавад;

- набояд ҳар гуна садоҳои изтиробангез сар дод;

- агар ҳарорати бадани шумо паст ё баланд аст, набояд шиноварӣ кунед. Зеро ин оқибати басо ногувор дошта метавонад. Дар чунин ҳолат дар об будан хеле хатарнок аст;

- агар хаста шудед, пуштнокӣ хобида, дар рӯйи об истироҳат кунед. Барои ин  бозувон ва пойҳоятонро ҷафс накунед, ба сар дар об хобед ва истироҳат намоед;

- агар шумо хунук хӯрда бошед, дасту пойҳоятонро бо навбат ҷунбонида, гарм шавед ва чун замоне мегузарад, дубора ба самти соҳил ҳаракат кунед.

Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода ва ё ягон рӯйдоди нохуш шаҳрвардон метавонанд бо рақамҳои зерин барои даъвати ёрӣ муроҷиат кунанд: 11293 880 28 19221-91-19 ва 223-13-11.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.