Шаҳрвандоне, ки дар таваққуфгоҳи Мордовия қарор доранд, бо хатсайрҳои чартерӣ бароварда намешаванд.
Барои онҳо ва дигар шаҳрвандони Тоҷкистон, ки дар қабулгоҳҳои махсуси Русия нигаҳдорӣ мешаванд, хатсайри махсус ташкил хоҳад шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
“Аз вазъияти гуруснанишинӣ эълон кардани шаҳрвандонамон дар таваққуфгоҳи Мордовия воқиф ҳастем. Кӯшиш дорем, ки барои аз таваққуфгоҳҳои Русия баровардани шаҳрвандонамон аз ҳукумати ин кишвар иҷоза гирем”, - гуфтанд дар сафорат.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон бо баррасии масъалаи баровардани онҳо, айни замон доир ба шаҳрвандони кишвар, ки дар таваққуфгоҳҳои муваққатӣ (изолятор) қарор доранд, маълумот ҷамъоварӣ мешавад.
“Доир ба ҳамаи шаҳрвандонамон, ки дар ин гуна таваққуфгоҳҳои муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд, маълумот ҷамъ оварданием, - қайд карданд дар сафорат. - Сипас мисли пешина барои онҳо хатсайри махсус ташкил карданием”.
Дар Мордовия 24 шаҳрванди Тоҷикистон, ки пас аз озодӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ дубора ба таваққуфгоҳҳо оварда шуданд, гуруснанишинӣ эълон карданд.
Моҳи апрел муҳлати ҷазои онҳо ба охир расида, бояд хориҷ мешуданд. Аммо бо сабаби баста будани сарҳад бар асари пандемия, онҳоро ба хонаҳояшон фиристода натавонистанд ва дубора дар таваққуфгоҳҳо ҷой карданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар шаҳри Тулаи Русия як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик баъди раҳо шудан аз зиндон бояд ба Тоҷикистон фиристода мешуданд, аммо бинобар баста будани марзҳо ва қатъи парвози ҳавопаймоҳо моҳҳо боз дар боздоштгоҳи Тула дармондаанд.
Моҳи май бо як қатор парвозҳои чартерӣ шаҳрвандони Тоҷикистон аз қабулгоҳҳои махсуси Русия ба ватан баргардонида шуданд. Ахиран бо хатсайри ширкати «Уральские авиалинии» 55 шаҳрванди аз қаламрави Русия хориҷшудаи Тоҷикистон аз марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск, Курган ва Тюмен ба ватан оварда шуданд.
Ҳукумати Русия дар бораи шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар таваққуфгоҳҳо қарор дошта, чандин моҳ инҷониб ихроҷро мунтазиранд, иттилоъ намедиҳад. Тибқи маълумоти омории ахир, айни замон наздики 7 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Барфи зиёд: роҳи Душанбе-Хуҷанд барои бархе мошинҳо баста шуд
Дар Тоҷикистон ниме аз корхонаҳои сабтиномшуда кор намекунанд: сабаб чист?
Даъвати Лоиҳаи Фонди тоҷикистонии Оғохон ба озмуни фурӯши трансформатор
Рустами Эмомалӣ мехоҳад дар Душанбе ярмаркаҳои доимӣ ташкил кунад
То Наврӯз дар Хуҷанд макони нави истироҳат сохта мешавад
Нигарониҳои Файзов аз вазъи маориф ва озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ" дар ВМКБ
Вазорати мудофиа: “Қонуни нави хизмат коррупсияро зимни даъват аз байн мебарад”
Кадом рӯзҳо ва бо чанд пул метавон аз Душанбе ба Тошканд парвоз кард?
Даргузашти овозхони маъруф Бобоҷон Азизов дар синни 70-солагӣ
Тоҷикистону Эрон барои такмили нақби “Истиқлол” дигарбора ба тавофуқ расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста