Бо дастури ҳукумати Тоҷикистон барои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар масъалаи ташкили хатсайрҳои чартерии ҳавоӣ аз шаҳрҳои гуногуни Русия баррасӣ мешавад.

“Ҷадвали хатсайрҳо барои мувофиқа ба ҷониби Русия пешниҳод шуда, агар дар он ҷо нисбат ба ин масъала қарори мусбат қабул шавад, боз беш аз 10 хатсайри ҳавоии чартерӣ ташкил карда мешавад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар ин хатсайрҳо мисли пешина ба шаҳрвнадони осебпазир, аз ҷумла беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолону донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бо сафари хизматӣ ба Русия рафтаанд, афзалият дода мешавад.

Тоҷикистон аз 15 июн ба баровардани шаҳрвандони худ аз хориҷи кишвар оғоз кард. Ширкатҳои ватании “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Қазон ва Новосибирску Екатеринбург бояд 8 хатсайри чатерӣ иҷро кунанд.

То имрӯз бо 3 хатсайри чартерӣ 642 нафар аз Русия ба ватан оварда шуданд. Субҳи имрӯз хатсайри 4-уми чартерии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба пойтахт фуруд омада, тибқи маълумоти пешакӣ, дар он беш аз 200 нафар мусофирон ҳузур доштанд.

Боз хатсайрҳои зерини чартерӣ дар навбатанд: 6 июл: хатсайри Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе («Сомон Эйр»);  7 июл: Душанбе-Екатеринбург-Душанбе («Тоҷик Эйр»); 13 июл: Душанбе-Москва-Душанбе («Тоҷик Эйр»); 14 июл:  Душанбе-Москва-Душанбе («Сомон Эйр»).

Бо ин хатсайрҳо танҳо тибқи рӯйхати дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҳияшуда парвоз кардан имкон дорад.

Дар ҳамин ҳол, сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия барӯйхатгирии шаҳрвандонро барои бозгашт ба ватан бо хатсайрҳои чартерӣ муваққатан боздоштанд.

Сафорат дар саҳифаи расмии фейсбукии худ навиштааст:

“Бинобар теъдоди ниҳоят зиёди хоҳишмандон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, ки аз шумораи парвозҳои чартерии дар моҳи июл ба нақша гирифташуда якчанд маротиба зиёд мебошад, эҳтиромона ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки барӯйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар бинои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия муваққатан қатъ карда мешавад”.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид кардааст, ки бо назардошти эҳтимоли ташкили парвозҳои чартерии минбаъда қабули аризаҳо барои бозгашт ба ватан тавассути адреси электронии [email protected] идома дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.