Имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва муассисаҳои миёнаи махсус дар Тоҷикистон аз 1 июл оғоз гардиданд. Имтиҳоноти дохилшавии имсола аз солҳои пешин каме фарқ доранд.

Имсол 108 ҳазор нафар дониҷӯ шудан мехоҳанд. Соли гузашта довталабон 6 ҳазор нафар камтар буданд. Ҷой барои донишҷӯ шудан ҳамагӣ наздики 90 ҳазор мебошад.

Кластерҳои аз ҳама бештар писандидаву серталаб тиб ва иқтисод маҳсуб меёбанд. Лекин довталабоне, ки физик шудан мехоҳанд, низ кам нестанд.

“Орзуи деринаам аст, - мегӯяд Бибигул Холиқдодова. - Имтиҳонҳоро супоридам. Саволҳо фаҳмову на он қадр душвор буданд ва ба назарам ман мегузарам”.

«Давняя мечта, - признается Бибгул Холикдодова. – Я уже сдала экзамены, вопросы были понятные и не сложные, и я думаю, что я пройду».

Соли равон муҳлати имтиҳонсупорӣ кам шуд - онҳо дар муддати ҳамагӣ як ҳафта мегузаранд. Ду қисмати тест - А ва Б якҷоя шуда, довталабон дар як рӯз аз рӯйи онҳо имтиҳон месупоранд.

Ба кам кардани муҳлати супоридани имтиҳон ҳанӯз соли гузашта тасмим гирифта шуда, ин ба пандемия дахл надорад. Аммо пандемия низ ба ин ҷараён каме тағйирот даровард: ҳангоми ба синф ворид шудан ҳарорати доваталабон санҷида мешавад; онҳо бояд ниқоб пӯшида бошанд ва сари миз ҳарчи дуртар аз ҳамдигар нишинанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.