Имрӯз шаҳрвандони боқимонда (беш аз 650 нафар) аз гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон оварда хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, 1 июл 108 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Қазоқистон бо Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

Гуфта мешавад, қисми бештари мусофиронро занону кӯдакон ва пиронсолон ташкил доданд.

Қаблан ВКХ хабар дода буд, ки масъалаи транзити автобусҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳукумати Ӯзбекистон мувофиқа мешавад.

“Дар масъалаи иҷозаи убури транзитии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари пандемияи коронавирус аз Русия ва Қазоқистон ба ватан бармегарданд, ҳукумати Ӯзбекистон ба кишвари мо ҳамеша кумаку мусоидат мекунад. Умедворем, ки масъала роҳи ҳалли худро пайдо мекунад”, - изҳор дошта буданд дар Вазорат.

Даҳ рӯз пеш бо мусоидати Созмони байнулмилалии муҳоҷират (IOM) садҳо нафар тоҷикистониён, ки дар ин гузаргоҳи марзӣ қарор доштанд, бо 14 автобус тариқи транзит аз қаламрави Ӯзбекистон ба вилояти Суғд оварда шуданд.

Ҳамаи ба ватан баргаштагон ба карантин гирифта мешаванд. Байни гурӯҳҳои пешини шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон баргардонида шуда буданд, дар беш аз 50 нафарашон бемории бе аломати COVID-19 ошкор шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.