Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинони ӯ охири ҳафтаи гузашта аз беморхонаҳои вилояти Хатлон боздид карданд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, рӯзи 4-уми июл зимни вохӯрии Ҷамолиддин Абдуллозода бо масъулини муассисаҳои тандурустии шаҳри Кӯлоб масоили ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини онҳо бо маводи доруворӣ ва зиддивирусӣ, назорати амбулатории беморон ва ғайра баррасӣ шуданд.
Ҳамон рӯз муовини вазири тандурустӣ Самариддин Ализода бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун шинос шуд. Дар ҷараёни боздид масъалаҳои беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19, назорати беморон ва таъмини онҳо бо доруворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини вазир бо масъулини соҳа вохӯрда, ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ барои бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ба супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин 5-уми июл муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед аз беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён боздид карда, оид ба рафъи норасоиҳои мавҷуда ба масъулин дастур дод.
Гуфта мешавад, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст. Ҳадаф аз сафару боздидҳои масъулони вазорат аз наздик шинос шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни муолиҷаи беморони гирифтори коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини пизишкон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкорсозии камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва расидагии саривақт ба онҳо мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста