Агентии Оғохон оид ба макони зист ба беморхонаи шаҳри Хоруғ кумаки башардӯстонаро иборат аз доруворӣ ва таҷҳизот барои ҳолатҳои фавқулодда, ки арзиши умумиаш 255 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, рӯзи 4-уми июл тақдим кард.

Тибқи иттилои маркази матбуоти раиси ВМКБ, кумаки башардӯстона аз 10 гармкунаки обӣ, 5 яхдон, 10 кондитсионер, 3 оташдон ва 15 чойники электрикӣ, инчунин 424 дона матрас, кӯрпаҳои ғафс, болишту ҷиҳози хоб ва 75 дона кӯрпаҳои борики тобистона иборат буд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маводу таҷҳизоти мазкурро қабул карда, гуфт: “Мо аз дастгирии самаранок ва давомдори Агентии Оғохон оид ба макони зист миннатдорем. Он кумак ва дастгириҳое, ки аз вақти сар задани ин вируси сироятӣ дар Тоҷикистон амалӣ карда шуданд, ҳаёти бисёр одамонро наҷот доданд. Кормандони тиб бе ягон маҳдудият ва дар муҳити бехатар бо маводи муҳофизатии инфиродӣ, ки ҳамчунин аз ҷониби ин агентӣ таъмин шуданд, маризонро ташхис ва табобат карданд”.

Дар чорабинии тақдими мавод сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Фарид Музаффаров иброз дошт: “Он кумак ва дастгириҳое, ки аз тарафи Агентии Оғо Хон оид ба макони зист таъмин гардиданд, дар мубориза бо сирояти коронавирус самаранок истифода шуда истодаанд”.

Гуфта мешавад, ки Агентии Оғохон оид ба макони зист ва дигар оҷонсиҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд дар саросари мамлакат бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, инчунин Раёсати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барои маҳдудсозии таъсири пандемия ба саломатии мардум ва иқтисод фаъолият карда истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.