Соҳибкори шинохта Акбар Асадулло, писари собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов дар ноҳияи Ёвон барои 315 нафар кӯдакистон бунёд кардааст.

“Сохтмони ин муассисаи тобмактабӣ дар маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар он зиёда аз 14 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, идома дорад”, - хабар додааст шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Акбар Асадулло рӯзи 4-уми июл зимни боздиди раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ваъда додааст, ки иншооти мазкур “дар арафаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт”.

Ин боғчаи бачагонаи хусусӣ аз се бино иборат буда, арзиши лоиҳавияш 21 миллион сомониро ташкил медиҳад. Он барои 315 нафар кӯдакон бунёд шуда, ҳамзамон 35 ҷойи нави корӣ фароҳам меорад.

Қобили зикр аст, ки Акбар Асадулло молики якчанд корхонаҳои истеҳсоли семент дар кишвар буда, “Хуаксин Ғаюр Семент” аз ҷумлаи онҳост. Ӯ тайи чанд соли охир дар ноҳияи Ёвон мактаб ва колеҷи фармасевтӣ сохтааст. Айни замон машғули бунёди як мактаб дар шаҳри Душанбе мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.