Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 8 июл 182 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Франкфурти Олмон ба ватан овард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, пас аз муоина 3 мусофири ин ҳавопаймо бо аломатҳои коронавирус дар беморхона бистарӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, боқимонда мусофирон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, дар муддати 14 рӯз бояд дар карантин бошанд ва дар сурати пайдо шудани ягон аломати беморӣ бояд фавран ба табиб муроҷиат намоянд.

“Ҳамаи шаҳрвнадоне, ки аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон меоянд, аз тести COVID-19 мегузаранд. Шаҳрвандоне, ки натиҷаи тсташон манфӣ мебарояд, метавонанд ба хонаҳояшон раванд. Афроде, ки натиҷаи тесташон мусбат аст, бояд давраи муолиҷаро гузаронанд. Шаҳрвандоне, ки аз сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон меоянд, дар беморхонаҳои вилояти Суғд ва шахсоне, ки ба Душанбе меоянд, дар Ромит ва Варзоб табобат мегиранд”, - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки дастаи табибон дар озмоишгоҳи фурудгоҳ аз 8 нафар иборат аст.

Дар Вазорати тандурустӣ таъкид доштанд, ки ҳамаи ҳолатҳои ошкоршудаи коронавирус дар шахсоне, ки ба кишвар ворид мешаванд, ба маълумоти омории ҳамарӯза дар Тоҷикистон дохил карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.