Пас аз гузориш дар бораи зиндагии душвори Зиёда Қаюмова, ки бо ду кӯдаки хурдсол дар як вагоне дар канори Душанбе зиндагӣ мекунад, садҳо нафар бо хоҳиши кумак ба ин зан муроҷиат карданд.

Рӯзи сешанбе дар платформаҳои гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳти унвони “Зане аз вагон: чӣ гуна метавон бо 100 сомонӣ зиндагиро бо ду кӯдак пеш бурд” гузориши видеоӣ ба нашр расид.

Зиёда Қаюмова дар як вагоне дар канори Душанбе зиндагӣ мекунад. Қитъаи заминро ӯ аз давлат гирифта, вагонро директори мактаб дод, ки дар он фаррош шуда кор мекард. Бар асари пандемия ӯ бекор монд ва бо 100 сомонӣ кумакпулӣ рӯзгорашро пеш мебурд.

Маводи мазкур сарусадоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, садҳо нафар ҷиҳати кумак ба ин модари камбизоат омодагӣ изҳор карданд.

Бархе аз корбарон ваъда доданд, ки бо масолеҳи сохтмон кумак мекунанд ва ҳатто нафароне ҳам пайдо шуданд, ки барои кумак дар сохтмони хона омодаанд.

Имрӯз Зиёда Қаюмова ба идораи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” занг зада, изҳори миннатдорӣ кард.

“Даҳҳо нафар одамони некхоҳ ба корт пул гузарониданд. Субҳи имрӯз санҷида, дидам, ки дар корт қариб 5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст. Чандин нафар занг зада, суроғаамро пурсиданд, то ки маҳсулот оранд. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки худро канор нагирифта, дар бораи рӯзгори ман ба мардум маълумот доданд”, - изҳор дошт ин зан.

Агар Шумо низ хоҳиши кумак ба ин занро дошта бошед, рақами телефони ӯ чунин аст: +992 91 504 20 35.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.