Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошт, ки нархи интернетро поин бурда наметавонад, зери арзиши баланди интернет дар кишвар ба нархҳои транзити он вобаста аст.

Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳом Атоев ба савол дар бораи арзон кардани интернет барои рушди таҳсилоти фосилавӣ чунин посух дод.

“То замоне, ки мо ба транзити интернет вобастаем, нархро кам ва пасттар аз арзиши аслиаш поин бурда наметавонем. Арзиши интернет танҳо замоне поин хоҳад рафт, ки Digital CASA гузаронем”, - қайд кард Атоев.

Ҳадаф аз насби Digital CASA пайваст кардани Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба хати ягонаи оптикиву нахӣ унвон мешавад. Иштирокчиёни имконпазири лоиҳа Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд.

Самаранокии пешбинишудаи барномаи аллакай муайян шудааст: сокинони кишварҳои ҷануби пасошӯравӣ аз ҳисоби шабакаҳои алтернативӣ ба интернети хаташ васеъ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Лекин, ба гуфтаи Атоев, амалисозии лоиҳаи Digital CASA дар робита ба пандемияи COVID-19 боздошта шудааст.

Ба гуфтаи муовини сардори Хадамот, айни замон тасмим гирифта шудааст, ки то охири соли 2020 нархҳо ба интернет боло бурда намешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Атоев қайд кард, ки мушкил дар масъалаи таҳсилоти фосилавӣ дар он аст, ки аксари хонандагон гаджет барои қабули интернет надоранд.

Қобили зикр аст, ки интернети хати васеъ нисбатан арзон ва босуръат буда, лекин танҳо сокинони пойтахт ва шаҳрҳои бузург, аз қабили Хуҷанду Бохтар бо он таъминанд.

Музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон 800 сомониро ташкил медиҳад. Як гигабайт интернети мобилӣ 34 сомонӣ нарх дорад, ки ба 4% аз маоши миёна баробар мебошад. Барои баргузории машғулият ё дарсҳои фсилавӣ дар як моҳ тақрибан 10 гигабайт интернет лозим аст.

Бино ба маълумоти расмӣ, айни замон 3,18 млн аҳолии кишвар аз шабакаи интернет истифода мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.