Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 46 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6 ҳазору 552 нафар расид.

Ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт нашуда, ҳамин тариқ теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 55 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, то 12-уми июл 190 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 кас баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон 5 ҳазору 228 (79,8%) нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, боз 1 ҳазор нафар беморони дигар дар хонаҳояшон муолиҷа мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.