Аз 15 июл барои шахсоне, ки ба Русия ворид мешаванд, карантини ҳатмии 14-рӯза бекор карда мешавад. Дар ин бора дар қарори роҳбари Роспотребнадзор иттилоъ дода мешавад.

Бино ба иттилои нашрияи Коммерсант, шахсоне, ки ба Русия меоянд, бояд бо худ маълумотнома (справка) дар бораи натиҷаи манфии коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз се рӯзи то ворид шудан гирифта шуда бошад.

Гуфта мешавад, дар сурати надоштани чунин ҳуҷҷат, шахсони ба қаламрави Русия воридшуда бояд дар муддати се рӯз аз тест ба коронавирус дар ин кишвар гузаранд.

Дар ҳолати мусбат баромадани натиҷаи тест ё эҳсоси бад шудани вазъи солимӣ онҳо бояд то солим шуданашон худро аз дигарон ҷудо нигоҳ доранд.

Ёдрас мешавад, ки Русия ба ифтитоҳи иртиботи байнулмилалии ҳавоӣ аз 15 июл омодагӣ мегирад. Парвозҳо танҳо ба кишварҳое анҷом дода мешаванд, ки дар онҳо вазъияти вобаста ба коровирус мусоид ва қобили қабул аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.