Як сокини 17-солаи Панҷакент аз қисмҳои эҳтиётии нақлиёти дигар ва оҳанпора мошинеро сохт, ки бо харҷи ками сӯзишворӣ метавонад кори зиёд анҷом диҳад.

Саъдулло Бобобеков аз деҳаи Кабудсанги ҷамоати Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент мегӯяд, мошини ихтироъкардааш минитрактор буда, онро дар муддати 10 шабонарӯз сохтааст. Қисмҳои гуногуни минитрактор аз нақлиёти “Нива”, “ГАЗ-53” ва “Жигули”, инчунин аз ҳар гуна оҳанпора васлу насб шудааст.

“Дар як соат аз 600 то 800 грамм сӯзишворӣ масраф мекунад, ки хеле кам аст, - иброз дошт Саъдулло. - Ин минитрактор метавонад замин ҷуфт кунад, ҷӯя кашад, то 4-5 тонна бор кашонад ва он корҳоеро, ки трактор иҷро мекунад, ба сомон расонад”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд минитрактори сохтааш корҳои гуногунро анҷом дода метавонад, аммо ҳоло пурра омода набуда, ба он чароғ ва анбора (аккумулятор) бояд насб карда шавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.