Шаҳрдории Душанбе ҷойи нави Боғи ҳайвоноти Душанберо муайян кард: он дар канори шимолии пойтахт, дар наздикии соҳили дарёи Варзоб сохта мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар боғи ҳайвоноти ҳозира шумори аттраксионҳо торафт зиёд шуда истодааст, ки дар навбати худ қаламрави барои зисти ҳайвонот таъиншударо маҳдуд мекунад.

Дар шаҳрдорӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе ба мо муяссар нашуд, ки дар бораи сохтмони боғи ҳайвоноти нав маълумот дастрас кунем. Хабаргузории “Фергана” дар ин бора чунин маълумот медиҳад.

1/3

Тарҳи боғи ҳайвоноти нав аз ҷониби лоиҳакашони Маскав ба баррасии раёсати меъморӣ пешниҳод шуда, лекин бар асари оғози пандемия ва қатъи иртиботи ҳавоӣ лоиҳакашони Русия кори худ ва таҳияи санади хароҷотро ба анҷом расонида натавонистанд. Аз ин рӯ, таҳияи тарҳ ва нақшаи сохтмонро мутахассисони тоҷик ба охир расониданд.

Айни замон лоиҳа бояд аз ҷониби раиси пойтахт тасдиқ шуда, сипас сохтмон оғоз мегардад.

Ин маълумотро корманди боғи ҳайвонот ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

- Мо чор сол инҷониб нияти кӯчидан дорем, лекин алҳол муяссар намегардад, - иброз дошт ӯ. - Ҷойи боғи ҳайвоноти нав дар самти Варзоб муайян карда шудааст.

1/12

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш директори боғи ҳайвонот Маъруф Тошев ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода буд, ки ҳозир ҳавзҳо барои ҳайвонот таъмир шуда, қаламрави боғ навсозӣ мешавад.

Баъди ин хабарнигори мо Абдуллоҳ Ғуарбатӣ ба боғи ҳайвонот рафта, аз вазъи ҳозираи қаламрави он якчанд акс бардошт.

Ба гуфтаи ӯ, қисмате аз қаламрави боғро барои гузоштани аттраксионҳои нав истифода карда истодаанд. Дӯкону дигар нуқтаҳои фурӯш торафт ба катаку қафасҳои ҳайвонот наздиктар мешаванд.

- Дар баъзе ҷойҳо ин дӯкону нуқтаҳои фурӯш ҳатто ба катакҳои ҳайвонот расидаанд, - мегӯяд Абдуллоҳ.

Ба гуфтаи ихтиёрӣ (ризокор) Елена Бухариева, ки мунтазам ба боғи ҳайвоноти пойтахт кумак мекунад, дарвоқеъ ҳам дар боғ аз ҳисоби ҳукумат корҳои таъмир ҷараён дошта, мушкилии таъминот бо об ҳал ва ҳамаи ҳайвонот бо об таъмин шудаанд.

“Лекин худи боғи ҳайвонот бештар ба макони истироҳату фароғат барои одамон табдил ёфта истодааст ва шумори аттраксионҳо торафт бештар мешавад”, - мегӯяд номбурда.

1/16

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.