Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” барои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Кореяи Ҷанубӣ мондаанд, рӯзи 21 июл бо хатсайри Душанбе - Сеул - Душанбе парвози чартерӣ анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муроҷиат намуда, барои хонапурӣ кардани саволнома аз пайванди  зерин истифода намоянд: https://forms.gle/VL8NTWKMPwEX7xGs6.

Гуфта мешавад, ҳамватанон ва шаҳрвандони хориҷие, ки қабл аз баста шудани марзҳо раводиди Ҷумҳурии Кореяро дастрас кардаанд, имкони парвоз ба Сеулро доранд.

Мушаххасоти Сафорати кишвар дар Сеул:

Тел: +82 027922535

Тел: +82 1059399339

Тел:  +82 1059379861

E-mail: [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.