Дар ҷараёни иқдомоти “Ҳимоя аз бемории COVID-19” беш аз 1,5 ҳазор ниқоб, 700 адад маҳлулҳои антисептикӣ ва зиёда аз 250 дастпушаки яккарата ройгон тақсим карда шуд.

Бино ба иттилои ВКД, ин чорабинӣ дар деҳоти Баҳрушон, Деҳрушон, Дерзуд ва Барзуди ноҳияи Рӯшон гузаронида шуд. 

Инчунин бо истифода аз мошини Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар маркази ноҳияи Рӯшон ва дигар маҳаллаҳо корҳои тарғиботӣ роҳандозӣ шуданд.

Чунин чорабиниҳои мақсаднок ба он равона шудааст, ки пеши роҳи паҳншавии COVID-19 гирифта шуда, риояи ҳатмии гигигенаи шахсӣ ба роҳ монда шавад.

Акс аз торнамои vkd.tj

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.