Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) ба амалишавии лоиҳаҳои ҳавасмандкунӣ ҷиҳати иҷрои корҳои ҷамъиятӣ дар қисми шарқии Тоҷикистон оғоз намуд. Ин лоиҳаҳо 15 ҳазор нафар шахсони эҳтиёҷмандро, ки аз таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии COVID-19 зарар дидаанд, фаро хоҳанд гирифт.
Тавассусти лоиҳаҳои мазкур, ки барои се моҳ ба нақша гирифта шудаанд, 3 ҳазор нафар иштирокчӣ ва аъзои оилаи онҳо барои иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла барқарорсозӣ ва ё сохтмони объектҳо ба мисли каналҳои обёрикунанда, хатҳои оби нӯшокӣ ва ҷангалзорҳо дар деҳот, бо маблағи пулӣ ҳавасманд карда мешаванд.
“Гарчанде ин лоиҳаҳо ба оилаҳо дар қонеъ кардани ниёзҳои асосии хӯроквории онҳо кумак мерасонанд, инчунин тавассути ворид кардани пули нақд бозори маҳаллиро ҳавасманд мегардонанд ва дороиҳои дарозмуддатеро барои шахсоне, ки мо кӯмак мерасонем, эҷод мекунанд. Ин дороиҳо ба тамоми аҳолии деҳот хизмат хоҳанд кард”, - қайд намуд намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Албэрто Коррейя Мендес.
Лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Агентии Оғохон оид ба макони зист, Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон ва ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди деҳот” амалӣ мегарданд.
БОҶ ба оилаҳое, ки ба таври доимӣ аз ҷиҳати таъмини озуқаворӣ ноамн мебошанд, бахусус аксари оилаҳое, ки дар онҳо занон сарварӣ мекунанд ва ҳоло зери таъсири иҷтимоию иқтисодии марбут ба пандемия дар ҷаҳон қарор доранд, аз ҷумла таъсири болоравии арзиши маводи ғизоӣ ва коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Барои мусоидат дар таъмини баробарии гендерӣ ва тавонмандии иқтисодии занон дар Тоҷикистон, БОҶ занонро дар амалишавии ҳамаи лоиҳаҳо ҷалб хоҳад кард ва кӯшиш менамояд 60% кӯмакгирандагонро занон ташкил диҳанд.
Аз соли 1993 инҷониб, БОҶ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои мустаҳкамкунӣ, идоракунии хавфи офатҳои табиӣ ва мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлимро амалӣ мекунад. Дар соли 2019, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ тавассути лоиҳаҳои эҷоди устуворӣ дар саросари кишвар тақрибан ба 30,000 нафар кӯмак расонд.
Ғайр аз ин, БОҶ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мустаҳкам намудани иқтидори омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва андешидани чораҳои ҷавобӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаро дастгирӣ карда, ба таҳкими фаъолияти иқтидори Гурӯҳи фаврии арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда ва Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, саҳм мегузорад.
Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти бузургтарини башардӯстонаи ҷаҳон буда, ҳаёти одамонро дар ҳолатҳои фавқулодда наҷот медиҳад, шукуфоӣ ва ояндаи устувори одамонро аз низоъ, офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим барқарор мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста